Рӯзҳои 23-24 октябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ноустуворшавии вазъи обу ҳаво дар назар буда, дар бештари ноҳияҳо асосан ҳавои абрнок ва ба амал омадани боришот (борон, шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф) пешгӯӣ мешавад.
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳои дар водиҳо воқеъбуда пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа аз эҳтимол дур нест.
Имрӯз, 23 сентябр дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда ва дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шуда, ҳарорат рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ обуҳавои тағйирёбанда ва аксаран бидуни боришот пешгӯйӣ шуда, гармии ҳарорати рӯзона 10-15 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ВМКБ обуҳавои абрноку аксаран бебориш дар назар буда, ҳарорат рӯзона дар ғарби вилоят 13-18 ва дар шарқи вилоят 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ борони кӯтоҳмуддат пешгӯйӣ шуда, ҳарорати рӯзона дар водиҳо ба 11-16 дараҷа гармӣ мерасад.
Дар Душанбе ҳавои абрнок ва баъзан каме борон борида, ҳарорат рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.