Фирӯзи Маҳмадулло, раҳбари гуруҳи “Авангард”, як гуруҳи ҷамъиятие, ки гуфта мешавад аз сӯйи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пуштибонӣ мешавад (ҳарчанд вазорати корҳои дохилӣ инро дар расонаҳо рад кардааст), дар саҳфаи фейсбукияш навиштааст, ки ҷавонони ин гуруҳ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон мактаб месозанд.

Раҳбари гуруҳи “Авангард” 23-юми октябр дар саҳфаи фесбукияш дар мавриди бунёди ин мактаб бо сарлавҳаи “Сохтмони мактаб дар яке аз деҳаҳои дурдаст аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони "Авангард” чунин навиштааст: “Гурӯҳи ҷавонони "Авангард" пайваста кӯшиш мекунад ҳамчун пайравони асили  Пешвои миллат идомадиҳандаи амалҳои хайрхоҳонаву бунёдкоронаи эшон бошад. Инак дар  деҳаи Нури Вахши ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо ташаббус ва иқдомҳои гурӯҳи ҷавонони "Авангард" ва сокинону фаъолони деҳаи мазкур бо роҳи ҳашари дастаҷамона дар нақша ҳаст, ки мактаби миёнае иборат аз 9 синфхона, роҳрав, утоқи маъмурӣ ва толори хурд барои гузаронидани вохӯриҳо сохта ба истифода дода шавад”.

Аммо шуъбаи маорифи ин ноҳия мегӯяд, ки ин мактаб бо маблағгузории Кумитаи падару модарони деҳаҳое, ки мактаб дар он ҷо ҷойгир асту фарзандони онҳо бояд дар ин мактаб таҳсил кунанд, сохта мешавад. Мудири маорифи ноҳияи Дӯстӣ Маҳмадшариф Камолов  ба “Азия-Плюс” гуфт, ки бинои мактаб рақами 23-и деҳаи Нури Вахши Ҷамоати ҳамноми ноҳия аз солҳои 50-уми асри гузашта аст ва хеле фарсуда шудааст. “Кумитаи падару модарон бо саҳми худ ва маблағҳои ҷамъовардаашон мехоҳанд ин мактабро созанд”.

Абдурасул Нурқобилов, директори ин мактаб,  ҳам дар суҳбат бунёди ин мактабро бо маблағҳои Кумитаи падару модарон ва ҳашари сокинон таъйид кард, вале аз саҳмгузории гуруҳи  “Авангард” дар бунёди ин мактаб изҳори бехабарӣ кард.

Нурқобилов гуфт, ки гуруҳи “Авангард” танҳо омаданд дар як маҷлиси Кумитаи падару модарон ширкат карданду ба мардум ташаккур гуфтанд, ки ба чунин корҳо даст мезананд. “Ин мактабро Кумитаи падару модарон месозад. Гуруҳи “Авангард” ба сохтмони ин мактаб ягон рабт надорад. Онҳо чӣ доранд, ки дар сохтани мактаб иштирок кунанд. Ин хел гап нест, ки гуруҳи “Авангард” мактаб месохта бошад”.

Аммо Фирӯз Маҳмадулло дар суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” мегӯяд, ки гурӯҳи ҷавонони "Авангард" муштаракан  бо сокинону фаъолони деҳаи Нури Вахши ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо роҳи ҳашари дастаҷамона бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ сохта ба истифода медиҳанд.

“Мо гурӯҳи ҷавонони "Авангард"  яке аз мо тахта, дигаре чанд линча семент, як нафар арматура ё ду мошин шағал ёрдам карда истоданд.  Инчунин  он ёру дустони мо, ки соҳибкоранд, онҳоро низ мо бо ин кор ҷалб кардем. Кӯмак карда истоданд”,- гуфт Фирӯзи Маҳмадулло.

Акси саҳфаи фейсбукии Фирӯзи Маҳмадулло

Вале Абдурасул Нурқобилов мегӯяд, ки то кунун ҳеч гуна саҳмгузории гуруҳи “Авангард” дар сохтани ин мактаб матраҳ нест ва онҳо то ҳозир ҳеч саҳме на саҳми молӣ ва на саҳми масолеҳи сохтмонӣ гузоштаанд.

Аммо раҳбари “Авангард” мегӯяд, ки “вақте фаҳмидем, ки ҳукумати ноҳия бо таври ҳашар мехоҳанд мактабро бунёд кунанд, мо ҷавонон ба ин кори нек хостем саҳми худро гузорем”. 

Мактаби шумори 23-и ноҳияи Дӯстӣ аз ҳисоби Кумитаи падару модарони деҳаҳои Нури Вахш ва Навободи ҷамоати Нури Вахши ноҳия барои 225 хонада дар як баст сохта мешавад, ки иборат аз 9 синфхона, роҳрав, як утоқи маъмурӣ ва як маҷлисгоҳ хоҳад буд.

Мудири ин мактаб мегӯяд, ки имрӯзҳо сохтмони мактаб оғоз шудааст ва то кунун зербино  ё таҳдоби он сохта шудааст: “Ҳоло маълум нест, ки чӣ қадар маблағ дар сохтани мактаб сарф мешавад. Мудири маориф супориш доданд, ки то ҳафтаи дигар нақши мукаммали хароҷоотро тартиб диҳем. Кумитаи падару модарон гуфтаанд ҳар қадар маблағе барои сохтани мактаб зарур бошад ёрӣ мекунем. Сокиноне, ки имсол ба сабаби баста будани роҳҳо ба Русия рафта натавонистанд изҳор доштаанд, ки ба таври ҳашар, яъне ройгон дар сохтмони мактаб саҳм мегузоранд”.

Вале Фирӯз Маҳмадулло мегӯяд, ки “ҳарӯза 10 нафар аз гуруҳи ҷавонони "Авангард"  ҳамроҳ бо сокинони маҳалӣ дар сохтмони мактаби мазкур барои  ҳашар меравад”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.