Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон  Ҷамолиддин Абдуллозда имрӯз, 6 ноябр зимни шиносоӣ бо фаъолияти Таваллудхонаи №2 ва бахши таваллудхонаи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” аз амалу рафтори ғайрикасбии бархе кормандони таваллудхонаҳо изҳори нигаронӣ намуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, Ҷамолиддин Абдуллозода ҳангоми вохрӣ бо роҳбароин беморхонаҳо ва кормандон, аз он нигаронӣ намудааст, ки рафтори ғайрикасбии бархе кормандони таваллудхонаҳо боис бар он мешавад, ки назари мардум ба кормандони соҳаи тандурустӣ, ки шабонарӯзӣ дар ҳифзи саломатии мардум хизмат мекунанд, то андозае манфӣ гардад.

Гуфта мешавад, ки вазири  тандурустӣ дар  муассисаҳои мазкур бо наздикону пайвандони як қатор беморон доир ба вазъи хизматрасонии тиббӣ суҳбат намуд.

Дар анҷоми вохуриҳо ҷиҳати роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, риояи одоби муошират бо беморон, омодагӣ ба давраи зимистон ва бартараф намудани камбудиву мушкилоти ҷойдошта аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарияти Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва Таваллудхонаи №2 дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд, - мегӯяд дафтари матбуоти вазорат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.