Фаррух Маҳмадзода, директори Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов” (воқеъ дар маҳаллаи 1- ум Советский) аз вазифаи ишғолнамудааш барканор гардид. Дар ин бора ба “Азия - Плюс” манбаъ аз Вазорати тандурустӣ хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, сабаби аз кор озод намудани Маҳмадзода маълум нест ва ӯ ба кори дигар низ нагузаштааст.
“Сабаби аз кор озод шудани Маҳмадзода маълум нест ва то ҳол ба кори дигар низ нагузаштааст. Вале маълум аст, ки ӯ аз паси фаъолияти илмӣ аст ва шояд сабаб низ ҳамин бошад”.
Ҳамсӯҳбатамон илова кард, ки рӯзи 4 ноябр директори Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов” аз кор озод ва дар ин вазифа ӯро Сафарзода Абдулло Мумин, директори Маркази шаҳрии илмию реаниматсия ва детаксикатсияи беморхонаи “Медгородок” иваз намуд.
Ёдрас мешавем, ки 6 майи соли равон Фаррух Маҳмадзода аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” озод ва ба вазифаи директори Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов” таъин гардида буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста