Аксарияти одамон баробари аз хоб хестан смартфон ба даст мегиранд. Ба ҳисоби миёна, мо дар як рӯз аз 5 то 9 соат вақти худро сарфи тамошои шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳифаҳои интернет, ё бозиҳои мобилӣ мекунем. Чаро чунин аст?
Фаббинг
Фаббинг аз забони инглисӣ phabbing – муносибати беэҳтиётона, phone – телефон гирифта шудааст.
Ё ин ки одати дар вақти сӯҳбат доимо ба телефон бозӣ кардан аст. Аксар вақт дар ин ҳолат корбарон маълумоти аллакай дидаашонро варақ мезананд. Фаббинг – ин на танҳо нишонаи иродаи суст, балки тақлид ба дигарон аст, ки айнан ҳамин корро мекунанд. (Дар маводҳои пештара мо дар бораи чӣ тавр аз фаббинг раҳо ёфтан маълумот дода будем)
Синдроми фоидаи аздастрафта
Fear of missing out; сокр. FoMO - Тарси аз даст нарафтан.
Ин тарси бехабар мондан ягон ҳодиса, маълумот ё имконияти муҳим аст. Ин як падидаест, ки ҳалқаи бастаро ба вуҷуд меорад: шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинед, ки чӣ гуна дӯстонатон дар тарабхонае бе шумо истироҳат доранд ва мефаҳмед, ки шумо низ шомро ба тарзи дигар гузаронед. Шумо мекӯшед, ки ин эҳсоси манфиатонро бо гузоштани аксҳои истироҳати хубатон ва нақли онҳо бартараф кунед. Ҳамин тавр, шумо ноогоҳона иштирокчии ин ҳалқаи баста мешавед. Чунин вобастагӣ метавонад боиси ҳисси бегонагӣ ва ҳатто депрессия гардад.
Номофобия
Nomophobia, от no mobile-phone phobia – тарси бе телефони мобилӣ мондан.
Ин тарси бе телефони мобилӣ мондан ё дур аз он будан аст. Ин истилоҳ соли 2008 пас аз таҳқиқи YouGov (як ширкати байналмилалии омӯзандаи афкори ҷамъиятӣ) пайдо шуд. Муҳаққиқон ташвиши корбарони телефонҳои мобилиро омӯхтанд. Тақрибан 53% -и пурсидашудагон дар Бритониё иқрор шуданд, ки ҳангоми гум кардани телефони мобилӣ, тамом шудани қувва ё ҳисоби он, ё дар ҷойи бемавҷ қарор гирифтан ба ташвишу нигаронӣ меафтанд. Ҳатто маълум карданд, ки барои бисёри корбарон сатҳи стресс дар номофобия бо стресс дар рӯзи арӯсӣ ё пеш аз ташрифи духтури дандон баробар аст.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!
Падари демократ, бародари ғамхор, дӯсти сахӣ ва ҳомии рӯзноманигорон. Панҷ симои Акбари Саттор, ки имрӯз 60-сола шуд
Масъалаи сохтмони таваққуфгоҳҳо дар пойтахт ҳамоно норӯшан боқӣ мемонад
Ҷарима, сохтмони худсарона, заминҳои бесоҳиб ва мушкилоти пахтакорӣ. Натиҷаҳои сол дар Кумитаи замин
Коҳиши никоҳу талоқ, афзоиши хушунат ва издивоҷи бармаҳал. Дар нишасти Кумитаи кор бо занон чӣ гуфтанд?
“Толибон” бори дигар баргардонидани чархболҳои артиши собиқи Афғонистонро талаб карданд
Аз 15 то 200 сомонӣ. Дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе 9 ҳазор китоб пешниҳоди харидорон гардид
Манъи содироти бензин аз Русия давом мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Ҳосили рекордӣ роҳи ҳал нест… Истеҳсол зиёд мешавад, аммо чаро Тоҷикистон аз маҳсулоти воридотӣ вобаста аст?
Фармони зиёд шудани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста