Парвозҳо аз Душанбе ба Хуҷанд ва баръакс аз 29 ноябр оғоз мешаванд, гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар ширкати “Сомон эйр”.
“Бо ҳадафи таъмини ниёзҳои мардум барои анҷом додани сафарҳо ширкати «Сомон Эйр» парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд-Душанбе” аз сар мегирад. Тавре интизор меравад парвозҳо дар як ҳафта ду бор сурат мегиранд. Арзиши билет 413 сомонӣ барои як тараф мебошад”,-илова карданд дар ширкат.
Ширкат мегӯяд, ки тибқи қоидаҳо ҳамаи мусофирон ҳангоми ҳузур доштан дар терминал ва ҳангоми парвоз бояд ба сурати ҳатмӣ ниқоб ва дасткаш дошта бошанд.
“Мусофироне, ки ҳарорати баланд доранд ва ё дар онҳо нишонаҳои беморӣ ошкор мешавад, барои сабти ном ва ба дохили тайёра роҳ дода намешаванд. Меъёри иҷозаи бағоҷ – 20 кг, бори дастӣ – 7 кг (эконом класс) аст”,-гуфтанд дар ширкат.
Иттилооти бештарро дар бораи ҷадвали парвозҳо ва арзиши билет мешавад аз маркази хизматрасонии ширкат бо рақамҳои 44-640-40-49, 44-640-40-50 ё 93-7777-459 ва ё аз оҷонсии хадамоти ҳавоӣ бо рақамҳои 98-807-10-00, 98-880-87-87, 93-501-24-24 дарёфт кард.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бар асари ҳамагирии коронавирус аз 20 март тамоми парвозҳои байналмилалиро қатъ карда буд. Мақомоти кишвар барои берун овардани шаҳрвандон ба Русия, Туркия ва Амороти муттаҳидаи Араб парвозҳои махсус ташкил карданд.
Парвози охирини ширкат дар хатсайри Душанбе Хуҷанд 27-уми марти соли 2020 буд. Дар ҳоли ҳозир парвозҳои мустақим танҳо дар хатсайри Душанбе-Истамбул-Душанбе ва Душанбе-Дубай-Душанбе мавҷуд асту халос. Ҳамчунин барои берун овардани шаҳрвандон аз чанд шаҳри русия парвозҳои чартерӣ ташкил карда шудааст. Аз ҷумлда ширкати русии «Уралские авиалинии» дар як ҳафта аз Тоҷикистон ба русия 11 паврози чартерӣ анҷом медиҳад. Зимнан билетҳо барои парвозҳои чартерии хатсайрҳои Русия-Тоҷикистон ҳамаакнун дар фурӯшим озоданд. Пештар фурӯши ин билетҳоро Сафорати Тоҷикистон Русия танзим мекард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Аввалин паради Артиши Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна гузашт?
Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон муборак!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2025
Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев созишномаи ниҳоии таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо кардаанд
Дар Эрон кадом маконҳои таърихиву сайёҳиро дидан мумкин аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2025
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста