Бар асари тумани ғализ, ки шабона шаҳри Душанберо фаро гирифт, 3 ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр”, ки бо хатсайрҳои Новосибирск-Душанбе, Москва - Душанбе ва Сургут - Душанбе парвоз анҷом медоданд, таъҷилан дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд нишастанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии фурудгоҳи Хуҷанд Юсуф Маюсуфов хабар дод, ҳавопаймои аввали хатсайри Новосибирск - Душанбе соати 03:35 дақиқа ба майдони ҳавоӣ фуруд омадааст.

“Бар асари обуҳавои номусоид ва биноии начандон хуб дар хатҳои нишасти фурудгоҳи Душанбе, ҳавопаймоҳои хатсайри Москва-Душанбе (№234) соати 06:32 ва Сургут-Душанбе (№8260) соати 07:07-и субҳ дар Хуҷанд фуруд омаданд”, - хабар доданд дар фурудгоҳ.

Маюсуфов қайд кард, ки ҳамаи мусофирон дар дохили ҳавопаймо мебошанд.

“Аз ҳавопаймо баромадан дар Хуҷанд ба мусофирон манъ аст, зеро ин хатсайри байнулмилалӣ мебошад. Дохили ҳавопаймо гарм буда, ба мусофирон чойу қаҳва пешниҳод шуд. Аз фурудгоҳи Душанбе маълумот интизорем ва чун онҳо хабар диҳанд, ки ба қабули ҳавопаймоҳо омодаанд, ҳавопаймоҳо ба самти Душанбе парвоз мекунанд”, - илова кард котиби матбуотии фурудгоҳ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.