Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон далели бебарқ мондани сокинони навоҳии вилоятро дар шабу рӯзҳои сардтарини инминтақа шарҳ дод. Ғолиб Ниятбеков, сардори маркази матбуоти раиси ВМКБ ба «Азия-Плюс» далели бебарқ мондани бошандагони вилоятро ба ях бастани дарёҳои Ғунду Панҷ рабт дод. Ниятбеков гуфт, ки аз сабаби он ки ҳаво якбора сард шуд, тӯли ду рӯз дар ноҳияҳои вилоят барқ қатъ карда шуд.
Ба гуфтаи Ниятбеков, ин ду рӯз ҳаво дар вилоят - 22 дараҷа сард шуда, оби дарёи Ғунд ва дарёи Панҷ ях баста, ҳамзамон оби ин дарёҳо хеле кам шуд буд.
«Ҳаво якбора дар вилоят сард гардид ва оби дарёҳо ҳам кам шуд ва ҳам ях баста буд. Бинобар ин неругоҳҳо аз сабаби камии оби миқдори лозимаи барқро наметавонист истеҳсол намояд. Дар шаҳри Хоруғ тӯли ин ду рӯз барқ пурра таъмин буд. Дар ноҳияҳо лими тё реҷаи барқдиҳӣ ҷорӣ карда шуд ва дар як рӯз ё субҳ ё бегоҳ барқ як ё ду соат дода мешуд. Ҳафтае пеш реҷаи 5-соата ҷорӣ карда шуда буд. Ҳоло сардии ҳаво камтар шуд ва мардум бо барқ таъмин шуданд».
Ҳамзамон ба гуфтаи сардори Маркази матбуоти раиси ВМКБ дар Бадахшон қать гардидани барқ хеле кам ба назар мерасад ва сабаби хомӯш кардани барқ дар ин шабу рӯзҳо сардии ҳаво мебошад.
Дар ду се рӯзи ахир бошандагони ноҳияҳои ВМКБ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо аз он мегуфтанд, ки комилан барқ надоранд ва ҳаво хеле сард асту онҳо ба барқи фаврӣ ниёз доранд.
Сухангӯйи ҳукумати ВМКБ ҳамчунин гуфт, ки ширкати «Памир Энержӣ» аз мақомоти вилоят хоҳиш кардааст, ки бо сокинони минтақа дар мавриди сарфакорона истифода намудани барқ дар фасли сармо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.
Ҳоло гуфта мешавад, ки бо гармтар шудани ҳаво тамоми сокинони ВМКБ бо барқ таъмин шуданд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатамон «ҳарчанд ҳоло ҳафо барфӣ аст ва дар Бадахшон барф меборад, аммо ҳаво нисбат ба рӯзҳои қаблӣ гарм мебошад, аз ин рӯ тамоми сокинони вилоят бо барқ таъминанд. Ва дар ин минтақа боришоти бештари барф ба манфиат буда, мардум бо барқ таъмин мегарданд, чун оби дарёҳҳо низ зиёд мегарданд», - илова кард Ниятбеков.
Индар ҳолест, ки зимистони имсола нисбат ба солҳои пешин дар ин минтақа хунуктар омадааст. Ҳоло сокинони ноҳияҳои вилоят мегӯянд, ки барқ дубора бидуни реҷаи муайян дода мешавад ва тамоми шабонарӯз барқ доранд.
Сабзина Пайравова бошандаи деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки рӯзҳои ҷумъвау шанбеи ҳафтаи гузашта дар як шабонарӯз ҳамагӣ як соат доштанду халос.
“Аз якшанбе бегоҳ барқро доданд, ҳоло дигар қатъ нашудааст. Пештар ҳам дар як рӯз як ё ду соат қатъ мешуду медоданд, вале рӯзҳои ҷумъаву шанбе ҳамагӣ яксоатӣ доданду халос”.
Бино ба маълумоти расмӣ дар тамоми ВМКБ дар як сол 192 миллион кв соат нерӯи барқ итеҳсол мегардад. Бояд қайд намуд, ки Бадахшон ягона минтақае дар Тоҷикистон мебошад хомӯш гардидани барқ камтар ба назар мерасад.
Таъмини барқ дар ин вилоятро ширкати «Помир Энерҷӣ» ба дӯш дорад. Ин ширкат дар шакли ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ таъсис ёфта, дар асоси Шартномаи консессионӣ амал менамояд. Ширкати «Помир Энерҷӣ» моҳи декабри соли 2002 дар натиҷаи имзои Шартномаи консессионӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ташкил ёфт. Бонки Умумиҷаҳонӣ, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) ва Агентии Швейтсария оид ба рушди иқтисодӣ (SECO) ҳамчун шарикони молиявӣ буданд ва то ба имрўз боқӣ мондаанд. Ширкат дар асоси лоиҳаи хусусӣ ташкил шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Соли 2026 муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста