Ғалоғулаи иттилоотӣ (информационный шум) ин ҷараёни нополидаи (филтрнашуда) иттилоот мебошад, ки фоиданокии маълумоти гирифташуда вобаста ба зиёд шудани чунин иттилоот коҳиш меёбад.
Дар интиқоли маълумот чунин мафҳумщо ба монанди "сигнал/ғалоғула" мавҷуд аст. Он миқдор ва сифати қабули иттилоотро аз манбаъ то қабулкунанда муайян мекунад. Ҳамин тавр, агар ғавғо шадид бошад, система ноустувор ва бо хатогиҳо кор мекунад ва мувофиқан, вазифаҳои таъиншударо нодуруст иҷро мекунад. Ҳамаи чизҳои дар боло овардашударо ба шахс нисбат додан мумкин аст.
Бо мақсади баланд бардоштани сифати қабул, дар муҳандисӣ филтрҳо мегузоранд ё манбаъ (қабулкунанда) - ро беҳтар мекунанд. Дар вазъият бо одамон, шумо метавонед амалҳои ба ин монандро иҷро кунед.
Чӣ хатар дорад?
Қаблан қобилияти хуб дарк кардани иттилоот, азхуд кардан ва аз ҳама муҳим истифодаи он қадр карда мешуд. Ҳоло вазъият фарқ дорад: ба шумо лозим аст, ки ҷараёни иттилоотиро ба тартиб дароварда, филтр карда, чизи асосиро ҷудо кунед.. Оё шумо фарқиятро ҳис кардед?
Мағзи инсон дигар наметавонад тамоми иттилоотро аз худ кунад, танҳо дар куҷо будан ва чӣ гуна нигоҳ доштани онро ба ёд медорад. Вай дигар намехоҳад сабабу натиҷаро аз худ кунад. Майна ба компютери зудкор табдил меёбад.
Хатар дар он нест, ки компютер рӯзе ба мисли инсон фикр мекунад, балки инсон рӯз то рӯз мисли компютер фикр мекунад.
Манбаъҳои ғалолғулаи иттилоотӣ
Телевизионҳо (таблиғ, шоуғбарномаҳо, хабарҳо, филмҳо ...), Интернет (филтр нест, дар ҷустуҷӯи маълумоте мо 10 саҳифаро аз назар мегузаронем ва майна на ҳамеша барои филтр вақт ҷудо мекунад), радио (муҳокимаи мавзӯъҳои холӣ дар эфир, мусиқии гуногун, таблиғ), рӯзнома (ҳатто дар як рӯзномаи хуб 30% таблиғот аст), таблиғ (баннерҳо, билбордҳо, брошюраҳо,...), заминаҳои иттилоотӣ (ҳама манбаъҳои дигар: сӯҳбатҳо, китобҳо, смартфонҳо, дастурҳо ва ғайра).
Чӣ тавр метавон худро ҳифз кард?
Шумо бояд фаҳмед, ки наметавонед ҳама чизро донед ва наметавонед ҳама чизро пайгирӣ кунед. Мағзи сари инсон компютер нест. Бояд доираи маълумотро вобаста ба марҳилаи кунунии зиндагӣ кам кунед.
Истифодаи интернетро маҳдуд кунед
Мушкили асосӣ шабакаҳои иҷтимоиянд. Бояд донед, ки маҳз ин шабакаҳо яке аз манбаъҳои асосии ғалоғулаи иттилоттӣ дар сари шумо мебошанд. Ун қадар маълумоти бефоидае, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезананд, дигар ягон манӣаи дигар надоранд. Масалан, писандидан, суратҳо, иқтибосҳо, матнҳо, шарҳҳо, озмунҳо, хабарҳои бемақсад бо миқдори зиёд.
Истифодаи интернетро то 1 соат дар шабонарӯз кам кунед, саҳифаи шабакаи иҷтимоиро полоед (филтр кунед), танҳо дӯстони наздик ва гурӯҳҳои лозимаро гузоред ва аз нолозимаашон даст кашед.
Аз тамошои телевизион даст кашед
Маслиҳати оддӣ: телевизионро аз зиндагиатон дур кунед. Бовар кунед шумо ҳеҷ чиро аз даст намедиҳед. Шумо метавонед танҳо маълумоти лозимааатонро аз интернет ва дигар сарчашмаҳо дастрас кунед, шарт нест, ки ҳама барномаҳои телевизиониро пайдарҳам тамошо кунедю
Радиоро интихоб кунед
Шабакаи радио ва барномаҳои радиоиро мувофиқи соҳаи фаъолиятатон интихоб кунед. Танҳо барномаҳоеро гӯш кунед, ки ба шумо фоидаовар ҳастанд.
Ҳатто шумо метавонед радиоро бо китобҳои аудиоӣ, подкастҳо ва мусиқиҳои писандидаатон иваз кунед.
Рӯзҳои оромӣ эълон кунед
Баъзан аз иттилоот истироҳат кунед: сайругашт кунед, аз шаҳр берун равед, вақти холиро ба машғулияти дӯстдоштаатон сарф кунед, ё хоб кунед. Дар ин рӯзҳо ҳаҷми иттилооти воридотиро то 0 расонед.
Китоб хонед
Маслиҳати одди дигар дар роҳи муборизаи ғалоғулаи интернетӣ хондани китобҳои муфид аст. Аммо китобро бояд дар муҳити оромӣ хонд, то хотираи шумо хуб кор кунад, маълумотро ҳазм карда тавонед.
Иттилоотро шиносед
Тавре гуфтем шумо наметавонед ҳама иттилоотро фаро гирифтаву ҳазм карда бошед. Барои ҳамин ба худ рӯйхати иттилооти асоси аз рӯйи кору фаъолиятон муайян кунед ва маҳз онҳоро дар ҳама сарчашмаҳо пайгирӣ кунед.
Сарчашмаи ғалоғулаи иттилоотӣ нашавед
Ва аз ҳама муҳим кӯшиш кунед худатон сарчашмаи ғалоғула нашавед: аз навиштани шарҳҳои бемақсад дар шабакаҳои иҷтимоӣ, фиристодани чунин номаҳо, гузоштани сурату видеоҳои бисёр худдорӣ кунед.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста