Академияи илмҳои табиии Русия як ихтироъкори тоҷикро барои нақши муассир дар рушди ихтироъкорӣ, таълимот дар мактабҳои олӣ ва ҷавобгӯй будани китобу корҳои илмияш ба меъёрҳои байналмиллалӣ бо сертификат ва медали ба номи Алфред Нобел ва ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ кардааст.
Абдусафо Умарҷонов, номзади илмҳои техникӣ, декани факултети менталургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ба Азия Плюс гуфт, ки ҳамасола барои медали А. Нобел ин Академия озмуни байналмилалӣ эълон мекунад, ки имсол байни мутахассисиони кишварҳои пасошӯравӣ ин ҷоиза насиби ӯ шуд. Ӯ гуфт дар фаъолияти 35-солаи омӯзгорияш ҳудуди 60 дастурамали омӯзишӣ, мақолаву як манография навишта соҳиби чандин патенти ихтироотӣ аст. Аммо аз 5 китобу дастурамали таълимияш, ки барои омода кардани ихтироъкорони сатҳи ҷаҳонӣ дар мактабҳои олӣ марбутанд, на ҳама рӯйи чоп омадаанд.
“Соли гузашта китоби “Асосҳои назарияи ҳалли масъалаҳои ихтироъкорӣ”-ро навиштаву хостам чоп кунам. Аммо ректори пешин бинобар бо забони русӣ буданаш иҷозаи чоп надод ва гуфт бо забони тоҷикӣ баргардонам ва ҳоло сари ин кор ҳастам. Чанд китобҳое, ки барои мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ омода кардани ихтироъкорон навиштам, вале на ҳама чоп шудаанд. Аз Академияи илмҳои табиии Русия гуфтанд то ҷойе дар чопи китобҳоям кӯмаки молӣ мекунанд”.
Умарҷонов афзуд бартарии дастовардаш дар он аст, ки ӯ ба фарқ аз дигар мутахассисони соҳаи фановарӣ барномаҳои таълимиву китобҳоеро таҳия карда аст, ки асосан равишшиносии технологияи назарияи ҳалли масъалаҳои ихтироъкориро меомӯзонад.
Абдусафо Умарҷонов мегӯяд дар ин бахш дасри ҷудогонае нест, вале ӯ чунин методологияи сатҳи ҷаҳониро дар донишкада ба донишҷӯёну ихтироъкорон меомӯзонад, ки мутахассисони кишварҳои беруна низ аз ин кораш хушҳоланд.

Соли 2019 Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бар асоси фанновариҳои таълимии Абдусафо Умарҷонов лоиҳаи 3,5 млнсомониеро ба даст овардааст, ки бо он озмоишгоҳро барқарору барои он дастгоҳҳои махсус харидорӣ намуда, ҳоло барои анҷоми корҳои илмӣ шароит фароҳам шудааст.
“Аз рӯйи CDIO (стандарти байналмиллалии таълимоти муҳандисӣ) ман ҷараёни таълим дар ихтисоси металургияи металҳои рангаи донишкадаро ба талаботи ҷаҳонӣ омода карда истодаам”- мегӯяд ин устоди навовар.
Абдусафо Умарҷонов соҳиби беш аз даҳ патенти ихтироъотӣ аст, ки яке аз он “Ҳавозаи панҷараи пахтатозакунӣ” ном дошта, феълан дар яке аз корхонаҳои пахтатозакунии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба василаи ин дастгоҳ аз пахта чигитро ҷудо карда пахтаро маҳин мекунанд.
Соли 2009 ӯ беҳтарин ихтироъкори соли вилояти Суғд эълон шуда буд. Соли 2017 низ барои фановариҳои навоварона дар таълими муҳандисон Абдусафо Умарҷонов бо медали тиллои Иттиҳодияи муҳандисони Русия мукофотонида шудааст.
Академияи илмҳои табиии Русия низ дар натиҷаи омӯзиши ихтироъоту корҳои илмияш ба ӯ унвони профессори Академияро дод ва ба узвияти Ассотсиатсияи таълимии муҳандисони Русия қабул кард. Ин Академия ба беш аз 16 ҳазор мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла муҳандисии кишварҳои пасошӯравӣ чунин унвонро додааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста