Департаменти давлатии ИМА дигарбора Тоҷикистонро поймолкунандаи ҳуқуқҳои динӣ донист. Чаро Тоҷикистон шомили ин радабандӣ мешавад ва чӣ гуна метавонад аз ин феҳраст берун равад?

Департаменти давлатии ИМА имсол низ Тоҷикистонро ба рӯйхати 10 кишвари поймолкунандаи ҳуқуқҳои динӣ шомил кард. Дар баробари Тоҷикистон дар ин рӯйхат ҳамчунин Бирма, Чин, Эритрея, Эрон, Нигерия, Кореяи Шимолӣ, Покистон, Арабистони Саудӣ ва Туркманистон низ зикр шудаанд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи “поймолкунии ҳуқуқҳои динии доимӣ, идомадошта ва тоқатнопазир” ин кишварҳо боиси нигаронии ҷиддии Департаменти давлатии ИМА мебошанд ва нисбати чунин кишварҳо чораҷӯӣ мешавад.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки маҳдудиятҳои озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон аз назорати риши мардон ва ҳам либоспӯшии занону ноболиғон шуруъ мешавад. Интиқодҳои дигар аз Тоҷикистон дар гузориши Департаменти давлатӣ ба поймолшавии ҳуқуқи ақаллиятҳои динии мисли “Шоҳидони Яҳво”, баста будани дари масҷидҳо ба рӯи ноболиғон ва дигар мушкилот ишора мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша ин даъворо рад мекунанд ва мегӯянд, чунин арзёбиҳо ва интиқодҳои созмонҳои байналмилалӣ бисёр вақт беғараз ё одилона набуда, «сарчашмаи онро матбуоти ғайрирасмӣ ташкил медиҳанд».

Мо аз коршиносон пурсидем сабаб дар чист, чӣ паёмад хоҳад дошт ва чӣ гуна Тоҷикистон метавонад из ин рӯйхат номи худро берун кунад.

Кумитаи дин: “Ин камоли беинсофист”


Амрико аз соли 2016 инҷониб Тоҷикистонро ба ин рӯйхат илова мекунад, вале мақомоти Тоҷикистон ҳамеша мегӯянд, дар кишвар “ҳама ҳуқуқи мазҳабӣ риоят мешавад” ва арзёбиҳои хориҷиён аз вазъи ҳуқуқи динии мардум ғаразмандона ва нодуруст аст.

Чанд рӯз пас, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон бо нашри баёнияе бори чандум гуфт, ки чунин гузоришҳо асоси воқеӣ надошта, сарчашмаи онро матбуоти ғайрирасмӣ ташкил медиҳад.

«Гузоришҳои солонаи Депортаменти давлатии Амрико ва Комиссияи байналмилалӣ оид ба озодиҳои мазҳабӣ дар мавриди озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон тақрибан бетаҳрир ва якранг интишор мешаванд. Зеро агар аз рӯи адолат ва воқеият назар намоем, Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолии худ ба як силсила дастовардҳо дар соҳаи дин ноил гардидааст, ки нодида гирифтани ин дастовардҳо ва шомил кардани кишвари мо ба рӯйхати давлатҳое, ки дар онҳо озодиҳои диниву маҳзабӣ комилан нақз мешаванд, камоли беинсофист», - гуфта мешад дар баёния.

Ин ниҳод гуфтааст, ки борҳо дархост намуда буданд, то як комиссияи вижа ба Тоҷикистон озим шавад, аз вазъи воқеии фазои динӣ ва бурду бохти кишвар дар ин арса ошно гардидаву дар ин замина гузоришҳои воқеӣ таҳия намоянд. Ва бо ниҳодҳое, ки баҳогузҳории вазъи фазои динии кишварҳоро анҷом медиҳанд, барои ҳамкорӣ омодагӣ изҳор кардааст.

“ИМА метавонад нисбати Тоҷикистон таҳрим ҷорӣ кунад...”


Давлати Тоҷикистон мегӯяд бо ифротгароӣ мубориза мебарад, аммо чанде аз созмону кишварҳои хориҷӣ ва мунтаққидон муборизаҳои ҳукумати кишварро бо  терроризму экстремизм василаи фишор ба дигарандешиву озодиҳои шаҳрвандон медонанд.

Ба назарии коршиноси масоили динӣ Фариддун Ҳодизода, изҳороти Департаменти давлатии ИМА асос дорад. Аммо назари Тоҷикистон вобаста ба ин изҳорот дигар аст, чун фалсафаи озодии виҷдон байни ИМА ва Тоҷикистон ҳамеша зидду нақиз мебошад.

“Тоҷикистон дар масъалаи озодии виҷдон бештар ба назарияи болшевикӣ ё комунистӣ такя мекунад. Ин дар ҳолест, ки таърих нишон дод, ки назарияи болшевикӣ ё «троцкий» нодуруст буд. Фалсафаи озодии виҷдон дар ИМА ба таври либералӣ ба роҳ монда шудааст. Мо ҳамеша аз ИМА ёрӣ талаб мекунем, аз ин рӯ, фалсафаи онҳоро дар мавриди озодиҳои виҷдон низ бояд бипазирем ва ин яке аз  роҳҳои берун шудан аз рӯйхат аст”, - мегӯяд Ҳодизода.

Ба таъкиди вай, дар пушти чунин изҳороти ИМА ҳадафҳои иқтисодӣ низ ҳаст ва метавонад нисбати Тоҷикистон таҳримот ҷорӣ кунад.

Воқеан, бар асоси муқаррароти Иёлоти Муттаҳида, ҳукумати кишвар метавонад, ба зидди ин кишварҳо таҳримот эъмол кунад, вале ин кишвар гуфтааст, ки бо дарназардошти аҳамияти зиёди Тоҷикистон барои манофеи миллии Иёлоти Муттаҳида аз ин кор худдорӣ мекунад.

Тоҷикистон то талаботи ИМА-ро иҷро накунад, аз рӯйхат намебарояд


Диншинос Рустам Азизӣ мегӯяд, то ҷое дар кишвари мо озодиҳои динии мардум поймол мешавад. Ба таъкиди ӯ чандин қонунҳои марбутаи Тоҷикистон аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ мухолифи Конститутсияи Тоҷикистон ва такрори чанд қонуни дигар аст.

“Чор сол аст, ҳамаи гузоришҳои онҳо ва посухҳои мо такрор аст. Бовар дорам соли дигар низ чизе иваз намешавад. Посухҳо бештари вақт ҷавоби конкрет ба эродҳо набуда, идеологиянд, ки аз дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи дин нақл мекунанд. Ба эродҳои ҳуқуқӣ бояд посухҳои ҳуқуқӣ дод, на посухҳои идеологӣ ва сиёсӣ. Онҳо дар мавриди дастовардҳо чизе нагуфтаанд, ки имрӯз мо аз онҳо ифтихор мекунем. Онҳо конкрет ба чанд пункт эрод гирифтаанд, ки мо бояд ба онҳо ба таври мушаххас посух диҳем”, - мегӯяд коршинос.

Рустам Азизӣ мегӯяд дар мавриди эроди маҳкум шудани пайравони «Шоҳидони Яҳво», бояд гуфта шавад, ки ин масъалаи динӣ нест, мо онҳоро ба хотири саркашӣ аз хидмат ба артиш, ки онро Конститутсияи мо барои ҳамаи шаҳрвандон ҳатмӣ донистааст, маҳкум намудем. Бояд маҳкум шудани чанд нафар аз пайравони «Шоҳидони Яҳво»-ро барои саркашӣ аз хидмати сарбозӣ  ҳамчун маҳдудкунии ҳуқуқҳои динӣ талаққӣ накунем.

Ба гуфтаи коршинос, дар ин рӯйхат боқӣ мондани Тоҷикистон метавонад сабаб шавад, ки маблағгузориҳои лоиҳаҳо дар самтибахши озодиҳои динӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои гуногун кам шавад ва ё ба мо нарасад.

“То замоне, ки Тоҷикистон талаботи ИМА -ро, ки дар гузоришҳояш зикр намудааст, иҷро накунад, аз ин рӯйхат ҳазф намешавад. Бубинед, Узбекистон баъди иҷро намудни талаботи ИМА имсол аз ин рӯйхат берун шуд. Чунин гузоришҳоро ҷониби Тоҷикистон  ҷиддӣ намегиранд, ҳоло он ки ба он бояд як гурӯҳи вижа, бо шумули ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, диншиносон ва дигар идораҳои масъул посух диҳанд ва дар самти ислоҳаш кор кунанд”, - таъкид мекунад Рустам Азизӣ.

Тоҷикистон Бирмаву Кореяи шимолӣ нест


Рӯзноманигор  Завқибек Саидаминӣ, ки бештар дар шабкаҳои иҷтимоӣ дар масъалаҳои динӣ изҳори назар мекунад, мегӯяд гузорши Департаменти давлатии ИМА асоси воқеӣ дорад, вале маҳдудкунӣ ба ҳадде нест, ки Тоҷикистон дар қатори Бирмаву Кореяи Шимолӣ, Чин ва Туркманистон қарор дода шавад.

“Ин аз ақл берун аст, чунки дар Бирма барои мусалмон будан мардум қатл мешаванду Чин чӣ балое ба сари мусулмонҳо овардааст. Ба ҳар ҳол, дар чанд соле, ки ман бо риш мегардаму мошин меронам то ҳол барои ришам манъ ё бозпурсӣ нашудаам”,- мегӯяд Завқибек.

Мавсуф гуфт, барои берун шудан аз ин рӯйхат ягон хароҷоти калон лозим нест. Ба гуфтаи ӯ, танҳо назорат ба хотири пешгирӣ аз гароиши мардум ба гурӯҳҳои террористӣ пурзӯр бошад, аммо мақомот ба масъалаи сатру риш дахолат накунанд ва ақалан дар ҳар як ноҳия мактабҳои динӣ кушоянд.

Ӯ аз таҷрибаи Ӯзбекистон, ки имсол аз ин рӯйхат берун шуд, ёдовар гардид ва гуфт, ки дар ин кишвар дар канори роҳҳо масҷидҳои барҳаво сохта шуда, ҳатто аломатҳои ҳаракати роҳ бо навиштаи «то масҷид фалон метр» насб шудааст. Ҳамзамон, гуфт, ки президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев супориши дигаре дода буд, ки дар тамоми масоҷид дарси Қуръон дода шавад.

Чӣ гуна Ӯзбекистон аз ин рӯйхат берун шуд?

Воқеан яке аз нуктаҳои муҳими изҳороти имсолаи Департаменти давлатии ИМА, аз назари ҳомиёни ҳуқуқ, ин аст, ки Узбекистон – ҳамсояи наздики Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ - аз рӯйхати гурӯҳи “кишварҳои мавриди нигаронии хос” берун шуд.

"Узбекистон бар асоси пешравии назаррасу мушаххаси ҳукуматҳояшон тайи соли охир” аз рӯйхати поймолкунандагони ҳуқуқҳои динӣ хориҷ шудааст ва ислоҳоти дар ин кишвар суратгирифта барои дигар кишварҳо намунаи ибрат шуда метавонанд", - гуфта мешавад дар гузориши Департаменти давлатии ИМА. 

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон  “Се нуқтаБидончиро мебинӣ! таҳия шудаастБа саҳифаи “Се нуқтаБидончиро мебинӣ! дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонедБидон, чиро мебинӣ!