Раиси шаҳри Исфара Баҳовадддин Баҳодурзода ба аёдати оилаҳое рафт, ки саробонашон дар муноқишаҳои солҳои 2018-2019 дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ҳалок шуданд.

Бино ба иттилои ҳукумати ин шаҳр, ӯ ба оилаҳои омӯзгор Ҳусейн Ҳакимов, сокинони ҷамоати Ворух Ҷалол Қараев ва Расиддин Тешаев маводи хӯрокворӣ, маблағи пулӣ ва ба фарзандонашон туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд.

Гуфта мешавад, қабл аз ин аёдат Баҳодурзода кӯмакпулии яксолаи барои фарзандони ноболиғи шаҳидгаштагонро ба суратҳисоби бонкии онҳо интиқол дод, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ иловатан ба нафақаи иҷтимоиашон пардохт мегардад.

Як манбаи “Азия-Плюс” дар ҳукумати шаҳри Исфара дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамаи ин се нафар давоми солҳои 2018-2019 дар сарҳад ҳалок шудаанд.

“Хушбахтона, имсол дар қитъаи сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон касе ҳалок нашуд”, - қайд кард манбаъ.

Зимнан зикр шуд, ки айни замон дар гуфтушунидҳои байни Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаи таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳад бинобар сабаби интихоботи президентии рӯзи 10 январ дар Қирғизистон таъиншуда таваққуф эълон шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.