Постгоҳи назоратӣ дар марзи Тоҷикистон (шаҳри Панҷакент) бо Ӯзбекистон (ноҳияи Ургут) - Саразм-Ҷартеппа барои содироту воридоти молу маҳсулот боз шуд.

Минбаъд тоҷирони ҳар ду кишвари ҳамсоя барои содироту воридоти молу маҳсулоти худ ба кишварҳои ҳамдигар аз он истифода бурда метавонанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Хадамоти гумруки Тоҷикистон.

Зикр шуд, ки равуои шаҳрвандони тариқи ин постгоҳи назоратӣ дар сарҳад алҳол барқарор нашудааст.

Дар робита ба пандемияи коронавирус гузаргоҳи Саразм-Ҷартеппа моҳи марти соли гузашта пурра баста шуд. Аз ҳамон замон қариб ҳамаи постгоҳҳои назоратӣ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон баста шуданд - аз 17 гузаргоҳ танҳо сетоаш - Турсунзода-Сариосиё, Мастчоҳ-Ойбек ва Спитамен-Плотина фаъолият карда, тариқи онҳо молу маҳсулоти байнулмиллӣ интиқол меёфт.

Аз 1 октябр Ӯзбекистон сарҳадҳояш, аз ҷумла марзҳои заминияшро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бо риояи қоидаҳои муайян боз кард.

Ситоди фаврии ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавируси Ӯзбекистон қарор кард, ки минбаъд зимни убури қаламрави ин кишвар шаҳрвандон бояд экспресс-тести пулакӣ супоранд. Тартиби нави гузаштан аз сарҳад аз 25 декабри соли 2020 мавриди амал қарор мегирад.

Риояи ин тартиб аз касоне низ талаб хоҳад шуд, ки дар бораи ташхис бо натиҷаи манфии сироят аз COVID-19 маълумотнома (справка) доранд.

Экспресс-тест дар фурудгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ аз ҳисоби пули шахсони ба ин кишвар воридшаванда гузаронида мешавад. Гузаштан аз тест 20 дақиқа вақтро мегирад.

Агар тест натиҷаи мусбат нишон диҳад, шахс дар муассисаҳои тиббии махсус оид ба муолиҷа аз сирояти коронавирус бистарӣ мегардад ё барои муолиҷа дар шароити хона фиристода мешавад.

Қобили зикр аст, ки айни замон барои равуои шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба қаламрави ҳар ду кишвар тариқи сарҳади заминӣ қисман иҷоза дода шудааст. Алҳол барои се категорияи шаҳрвандон:

- ба шаҳрвандоне, ки дар мактабҳои олии Тоҷикистон ё Ӯзбекистон таҳсил мекунанд. Вақти гузаштани сарҳад донишҷӯён бояд бо худ дафтарчаи донишчӯӣ ва ташхиси сироят надоштан аз коронавирусро дошта бошанд, ки на дертар аз 72 соат то замони убури марз дода шудааст;

- ба шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар қаламрави кишвари ҳамсоя ҳамсар ё фарзандонашон ҳузур доранд. Ба онҳо низ дар баробари шиноснома пешниҳоди шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатномаи таваллуди фарзандон ва ташхиси сироят надоштан аз коронавирус, ки на дертар аз 72 соат то замони убури марз дода шудааст, зарур мебошад;

- ба шаҳрвандони кишварҳо, ки барои убури сарҳад аз Ситодҳои ҷумҳуриявии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба  муқовимат бо коронавирус иҷозаи хаттии дахлдор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.