5-уми январи соли 2021 дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре дар бораи тоҷикдухтаре, ки гӯиё дар сомонаи «Шаби аввал» (FIRST NIGHT) бакорати худро ба музояда гузоштааст, паҳн гардид (бойгонӣ). Радиои Озодӣ, ки дар ин бора аз аввалинҳо шуда, маводи худро ба чоп расонд (бойгонӣ), матлаби нашркардааш боиси баҳсҳои зиёде ҳам дар худи сомонаи радио ва ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.
Зимнан, чанд нафар аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба далелсанҷони Factcheck.tj муроҷиат намуда, хоҳиш карданд, то дурустии онро бисанҷанд.
Бе ҳукмнома
Бо вуҷуди он, ки дар сомонаи «Шаби аввал» қайд гаштааст (бойгонӣ), ки ҳуҷҷатҳо ва аксҳои номбурда тасдиқ шудаанд, вале санҷиш собит намуд, ки аслан нафарони дар аксбуда тамоман ду шахси дигаре ҳастанд.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Сомонаи «Шаби аввал», ки бунёдгузораш ширкате дар Маҷуро – пойтахти давлати ҷазираҳои Маршал, зикр шудааст, тибқи санҷиши мо, сомонаи мазкур 2 солу 8 моҳ инҷониб фаъолият дорад ва сервераш дар кишвари Олмон ҷойгир аст.
Дар ин сомона воқеан ҳам саҳифаи нафаре аз Тоҷикистон, ки номашро Таҳмина (Tahmina) сабт кардаасту худро 23-сола гуфтааст, мавҷуд буда, бакораташро дар музоядаи байналмилалии онлайнӣ бо арзиши 10 ҳазор доллар ба фурӯш гузоштааст (бойгонӣ). Вале дар сомонаи «Шаби аввал» маълумот дар бораи ин тоҷикдухтар ҳанӯз 22-уми апрели соли 2020 пайдо шуда, рӯзҳои охир расонаӣ гардид. Инчунин, дар саҳифаи номбурда, ки танҳо 3 акс ҷой дода шуда, дар он қайд гаштааст, ки ҳуҷҷату аксҳои номбурда тасдиқ шудаанд, мо хостем, аксҳои мазкурро мавриди санҷиш қарор диҳем.
Ҳини санҷиши ду акси мушобеҳе, ки дар саҳифаи мазкур ҷой дода шудааст, маълум гардид, ки нафари дар акс тасвирёфта модели тоҷик Нодира Мазитова аст. Сомонаҳои Аrt of it (бойгонӣ) ва маҷаллаи онлайнии Top-Antropos.com (бойгонӣ) дар қатори дигар аксҳо ду аксеро, ки дар саҳифаи «Шаби аввал» ҳамчун аксҳои бо ҳуҷҷат тасдиқшуда зикр шудааст, нашр карда, аз ӯ Нодира Мазитова ном бурдааст. Инчунин, дар шабакаи иҷтимоии Instagram саҳифае бо номи @_nodira__mazitova ба қайд гирифта шудааст, ки дар он дигар аксҳои Нодира Мазитова ҷой дода шудаанд. Аз ин ҷо метавон акси бонуи дар сомонаи «Шаби аввал» ҷойдодашударо, ки худро Таҳмина ном бурдааст, бо аксҳои Нодира Мазитова муқоиса кардан мумкин аст.
Дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» низ саҳифае бо номи Nodira Majidova ба қайд гирифта шудааст (бойгонӣ), ки дар дохили албоми аксҳои ин ҷавонзан (бойгонӣ) он ду аксеро, ки дар сомонаи «Шаби аввал» ҳамчун акси ҷавондухтари тоҷике бо номи Таҳмина ҷой дода шудааст, дидан мумкин аст (бойгонӣ).
Акси сеюм, ки дар он ҷавондухтари сатрпӯш тасвир ёфтааст, акси Салихат Касумова – моделе аз Доғистон, аст. Номбурда акси мазкурро ҳанӯз 20-уми ноябри соли 2016 дар саҳифаи Instagram-и худ нашр кардааст (бойгонӣ).
Хулоса
Натиҷаи санҷиши мо маълум кард:
- Дар саҳифаи сомонаи «Шаби аввал» аксҳои ду нафари гуногун – моделҳо аз Тоҷикистон ва Доғистон, истифода шудаанд;
- Ягон нафар аз ин аксҳо Таҳмина ном надоранд;
- Айнан ҳамин аксҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашру паҳн ва дастраси омма мебошанд, ки созандаи саҳифаи «Таҳмина» аз онҳо истифода бурдааст;
- Истифодаи акси модели доғистонӣ умуман аз Тоҷикистон будани «Таҳмина»-ро зери суол мебарад;
- Ҳарчанд сомонаи «Шаби аввал» менависад, ки ҳуҷҷату аксҳои ин нафар санҷида шудаанд, вале дар асл мо тавонистем собит намоем, ки ин изҳороти дурӯғ аст.
- Ба суолҳои мо тариқи мукотибот (чат)-и дохилии сомонаи «Шаби аввал» соҳиби саҳифаи «Таҳмина» ҷавоб надод, ки мо имконияти тасдиқи шахси воқеӣ будани ӯро пайдо кунем.
Аз ин рӯ, бино ба далелҳои ҷамъоваригашта, хулоса кардан мумкин аст, ки саҳифаи мазкур эҳтимолан фейкӣ буда, аксҳои истифодашуда ба муаллифи саҳифа умуман рабт надоранд, зеро тасдиқи худро наёфтанд.
Хабаргузориҳое, ки дар ин бобат мавод нашр карданд, хубтар мебуд, пеш аз интишори матлаб, лоақал акси ин нафарро мавриди санҷиш қарор медоданд.
P.S. Ҳангоми нашри мавод дар бораи ба музояда гузоштани бакорат аз ҷониби «Таҳмина» дар сомонаи «Шаби аввал», саҳифаи ӯ ягона саҳифае буд, ки худро аз Тоҷикистон муаррифӣ мекард. Аммо то анҷом додани санҷиши мазкур мо шоҳиди он гаштем, ки боз як нафари дигар худро аз Тоҷикистон муаррифӣ намуда, бакораташро ба музояда гузоштааст (бойгонӣ).
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” нашр шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!




Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста