Бино ба хабарҳои дарёфтӣ Қурбоналӣ Абдуллоев, овозхонаи пуровоза ва Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон бар асари беморие, ки дошт чанд лаҳза пеш дар синни 57-солагӣ даргузашта аст. Дар ин бора баъзе аз нафарони наздик ба ҳунарманд дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд.
Бархе аз расонаҳо бо такя ба манбаъҳои худ гуфтаанд, ки овозхон чанд вақти ахир дар Беморхонаи сироятӣ, воқеъ дар маҳаллаи 102-юми шаҳри Душанбе, бистарӣ буд. Дар моҳи декабр бисёре аз корбарони шабакаи Фейсбук навишта буданд, ки ҳунарманд дар беморхона бо бемории ковид даст ба гиребон аст.
То кунун далели марги Қурбоналӣ Абдуллоев расман гуфта нашудааст. Вале Беморхонаи бемориҳои сироятии Душанбе ҳоло ягона беморхона дар Душанбе аст, ки дар он беморони гирифтори коронавирус ва илтиҳоби шуш бистарӣ карда мешаванд.
Наздиконаш гуфтаанд маросими видо ва намози ҷанозаи овозхон фарда, 12-уми январ дар зодгоҳаш деҳаи Гулрези шаҳри Ваҳдат соати 12.00 баргузор мешавад.
Яке аз корбарони Фейсбук бо номи Шодонҷон Султонов далели марги овозхонро коронавирус гуфтааст: "Марги бармаҳал Қурбоналӣ Абдуллоевро низ аз мо бурд, мутаасифона ҷони дардмандаш тавони бардошти куруноро накард. Ёдаш гиромӣ...".
Қурбоналӣ Абдуллоев аз ҳунармандони шинохтаи тоҷик буд, ки солиёни зиёде дар дастаи ҳунарии "Дарё"-и кумитаи телевизион ва радио фаъолият кард. Моҳи декабр, ки хабари бемории овозхон расонаӣ шуда буд, оҳангсози шинохтаи тоҷик Амирбек Мӯсоев дар бораи ин ҳунарманд навишта буд:
"Ба бародари азизу арҷмандам Қурбоналӣ аз даргоҳи Парвардигор таманно дорам ҳар чӣ бештар тандурустию хушбахтӣ ва рӯзгори ободу пурфайз орзӯ менамоям. Мактаби овозхонии эшон аз ҳар ҷиҳат комил буда дар худ як лаҳни зебои ҷалбкунадаро дорост. Ягона ҳунарманд, ки бо оркестри созҳои миллӣ, оркестри эстрадӣ, оркестри эстрадӣ симфонӣ, оркестри камеравӣ ва ансамбли созҳои миллӣ бо ҳиссиёти баланд овозхони мекунад".
Қурбоналӣ Абдуллоев аввали ҳамин сол, дар моҳи май бо нашри як изҳорот гуфта бад овозхониро тарк мекунад, ки ин тасмимаш дар расонаҳо сару садоҳоро ба вуҷуд оварда буд.
Ӯ рӯзи 12 май дар саҳифааш дар Фейсбук навишт: "Бисмиллоҳир - раҳмонир - раҳим. Имрӯз, 12 майи 2020, банда ба қароре омадам, ки саҳнаи калон ва ҳунари овозхониро тарк намоям. Қарорам қатъист. Аз ҳама азизону ҳамкасбон ва мухлисон ташаккур мекунам. Дар ин муддати умр аз нафароне, ки озорашон додам, бисёр узр металабам. Умед дорам, ки дар моҳи шарифи Рамазон ва даҳаи мағфират маро мебахшед. Боқӣ АЛЛОҲ нигоҳбонатон, ОМИН.”
Худи овозхон шарҳ надода буд, ки ин тасмимро ба чӣ далеле гирифта буд, аммо он замон бисёриҳо тарки овозхонӣ кардани ҳунармандро ба далоили мазҳабӣ мегуфтанд.
Қурбони Абдуллоҳ дар солҳои 90 ва даҳаи аввали солҳои 2000-ум бахусус бо иҷрои таронаҳои мардумӣ бо як сабки хос маъруфияти зиёд пайдо карда буд. Ӯро соли 2015 бо ҳамагӣ 630 сомонӣ нафақа аз ансамбли "Дарё”-и Кумитаи радио ва телевизион ба нафақа гусел карданд.
Раҳбарӣ ва аҳли эҷоди гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" аз марги ин овозхони пуровазаву саршиноси ва хушноми тоҷик андӯҳгин буда, ба пайвандону наздиконашон дар ин мусибати азим сабру бурдаборӣ мехоҳанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста