Намонядагии ширкати “Россотрудничество” аз оғоз шудани давраи сабти ном барои дарёфти коватаи таҳсили ройгон дар макотиби олии Русия барои соли 2021/2022 хабар медиҳад. Номнависӣ дар пойгоҳи ин ниҳод (edu.rs.gov.ru) аз 20-уми январ то 20-уми феврали соли 2021 то соати 18.00-и Душанбе имконпазир аст.
Ин ниҳод мегӯяд, ки барои дарёфти квотаҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикситон ва шаҳрвандони Hусия, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд? метавонанд сабқат кунанд.
Бахши матбуоти “Россотрудничество” мегӯяд, ки барои номнависӣ зарур аст, ки дар торнамои edu.rs.gov.ru пурсишномаи электрониро пур кард ва онҷо нусхаҳои сканшудаи чанд санадро низ гузошт. Аз ҷумла:
- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доштани қайд (шахсоне, ки ба 16-солагӣ нарасидаанд шаҳодатномаи таваллуд ва маълумотнома аз ҷойи зист) бо тарҷуми русии аз сӯйи мақомти нотриалӣ тасдиқшуда;
- акс, мисле, ки барои шиноснома гирифта мешавад, аксҳои ҳаваскорона пазируфта намешаванд;
- барои довталабоне, ки таҳсилро дар мактабҳои миёна тамом мекунанду тибқи барномаҳои бакаллавр ва мутахассис мехоҳанд пазируфта шаванд – маълумотнома аз ҷойи таҳсил (рӯйхати баҳо дар нимсолаи аввал) бо тарҷуми русии аз сӯйи мақомти нотриалӣ тасдиқшуда;
- барои довталабоне, ки мактабҳои миёнаро хатм кардаанд (солҳои пеш)-у тибқи барномаҳои бакаллавр ва мутахассис мехоҳанд пазируфта шаванд – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дараҷаи таҳсилот, аттестат бо замимааш
- барои довталабоне, бахши магистратура, ординатура, апирантура ва ғ. – нусхаи сканшуда (ҳамаи саҳифаҳо)-и дафтарчаи имтиҳонӣ ё маълумотномаи академӣ дар бораи баҳоҳо аз донишгоҳ дар барои ҳамаи солҳои таҳсил, ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дараҷаи таҳсил (диплом бо замимааш)
Дар хабарномаи шартҳои пазируфтани ҳуҷҷатҳо гуфта мешавад, ки “шахсе, ки шаҳрванди Русия асту ҷойи истиқомати доимияш дар Русия мебошад” ҳуҷҷатҳояш пазируфта намешаванд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки доир ба шарту шеваи номнаисӣ ва иштирок дар озмуни дарёфти ковотаҳо аз 26-уми январ то 12-уми феврал, аз рӯзи душанбе то ҷумъа, як бор дар як рӯз, соати 15.00 дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе (гузаргоҳи якуми кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо, х.9/1) машваратҳо гузаронида мешавад.
Бо шартҳои дигари номнавис кардан мешавад дар ин суроға шинос шуд.
Русия ҳамасола барои Тоҷикистон дар донишгоҳу донишкадаҳояш бештар аз 600 ковтаи ройгон ҷудо мекунад ва ҳамчунин ҳар сол наздик ба 4 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил ба Русия мераванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад
Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, дар намоишгоҳи "ITB Berlin 2026" зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст
“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42
“Нарх гарон мешавад”. Ҷанг дар Эрон тоҷирони тоҷикро нигарон кардааст
Эмомалӣ Раҳмон Муҷтабо Хоманаиро ба муносибати раҳбари олии Эрон интихоб шуданаш табрик гуфт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2026
Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд. Рӯзи даҳуми даргирӣ дар Ховари Миёна
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста