Далер Шарифов рӯзноманигори тоҷик, ки соли гузашта барои як сол равонаи зиндон шуда буд, аз зиндон раҳо шуд.
Ӯ гуфт, субҳи барвақти имрӯз аз сӯйи маъмурини зиндон ба хона оварда шуд.
Далер дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки дар канори хонавода ҳаст ва бисёр эҳсоси хуш дорад.
"Ҳоло бо аҳли хонавода ва дӯстоне, ки ба хабаргирӣ омадаанд, суҳбат дорем. Чун дар ҳоли ҳозир ба ҳамин чиз бисёр ниёз дорам", - гуфт ӯ.

Хотиррасон мешавем, ки Далер Шарифов, 28-уми январи 2020 аз сӯйи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуд ва додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 16-уми апрел ӯро барои “барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ” муҷрим шинохт.
Баъди боздошти Далер Шарифов дар баробари созмонҳои миллӣ, ҳамчунин созмонҳои Дидбони Ҳуқуқи Башар, Афви Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон, Кумитаи Норвежии Ҳелсинки, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон борҳо аз ҳукумат хостаанд, Далер Шарифовро озод кунад. Ҳатто созмони ҳомии ҳуқуқи Freedom-Now ба як гурӯҳи махсуси Созмони Милали муттаҳид расман муроҷиат кардааст, ки то куҷо қонунӣ будани боздошт ва зиндонӣ кардани Далер Шарифовро таҳқиқ кунад ва хулосаҳояшро бигӯяд.
Бояд қайд намуд, ки исми Далер Шарифов миёни 378 маҳбусе, ки бо як фармони Эмомалӣ Раҳмон 30 октябр пас аз маросими расмии савгандёдкунӣ ба унвони президенти дигарбора интихобшуда, бахшида шуда буданд, зикр нагардида буд. Бинобар ин, ӯ боз се моҳи дигар дар зиндон монд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мурабаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста