Раҳбарияти коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар дар назди ин муассиса дармонгоҳ месозад. Иброҳим Мӯсозода мегӯяд, бунёди дармонгоҳ бино ба дастури Президенти кишвар сурат мегирад. 

"Ба хотири мукаммал кардани омӯзиши назарӣ ва амалӣ дар назди коллеҷҳои тиббӣ дармонгоҳҳо сохта шавад.  Ҳамин дастури роҳбари давлатро ба назар гирифта раёсати муассиса тасмим гирифт, ки дар ҷойи бинои як ошёнае, ки аз даврони Шӯравӣ боқӣ мондааст, як бинои панҷошёна бисозем. Дар ошёнаи якум дармонгоҳ бо тамоми таҳҷизоти замонавӣ ва дар ошёнаи дуюм шуъбаи бистарикунонӣ сохта мешавад. Ошёнаҳои дигар утоқҳои таълимӣ хоҳанд шуд. Корҳои сохтмонӣ аз моҳи майи соли равон шуруъ мешаванд”,- мегӯяд роҳбари коллеҷ

Мудири коллеҷ мегӯяд, ки бо бунёди дармонгоҳ ва бинои он як мушкили дигарро низ ҳал мекунанд.

“Инҷо як мушкили дигари норасоии хобгоҳ низ ҳал хоҳад шуд. Айни замон қисме аз синфхонаҳо дар ошёнаи якуми хобгоҳамон ҷой доранд. Баъди ба истифода додани бинои нав ин синфхонаҳо ба бинои нав мекӯчанд ва аз ҳисоби синфхонаҳои холишуда шумори ҷойҳои хоб ба 300 мерасад, ки пурра талаботи муассисаро қонеъ мекунад”, - илова кард Иброим Мӯсозода.

Ҳоло дар коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар 3 ҳазору 320 нафар аз рӯи 7 ихтисос таҳсил мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.