Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА (CDC) ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таҷҳизоти лабораторӣ, реактивҳо ва маводҳои дигари заруриро ба маблағи 310 964 долл. ИМА тақдим кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии сафорати ИМА дар Тоҷикистон, таҷҳизот ва маводи зикршуда дар як маросими расмӣ рӯзи 27-уми январи соли 2021 супорида шуданд.

Гуфта мешавад, таҷҳизоти тақдимшуда, аз ҷумла дастгоҳҳо барои санҷишҳои таҷзияи занҷири полимераз (ТЗП) дар вақти воқеӣ, реагентҳо барои ташхиси COVID-19, таҷҳизоти пластикии лабораторӣ ва таҷҳизоти муҳофизатии инфиродӣ барои таҳкими иқтидори ташхисии лабораторияҳо мусоидат мекунанд.

Инчунин кормандони лаборатория онҳоро на танҳо дар мубориза бо COVID-19 истифода намуда метавонанд, балки инчунин дар кори ҳаррӯза оид дар ташхиси дигар сироятҳо низ аз онҳо истифода бурда метавонанд.

Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА таҳвили ин ашёро дар доираи лоиҳаи ҷории худ дар Тоҷикистон ташкил намудааст, ки ба кишвар дар мубориза бо пандемия кумак мекунад. Дар доираи ин лоиҳа CDC тавассути созмонҳои шарик аллакай 643 корманди соҳаи тандурустиро дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд оид ба чораҳои асосии мубориза бо сироят омӯзонидааст.


Ҳамчунин, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар таҳияи роҳнамо оид ба назорати сироят, муайян кардани монеаҳо барои назорати самаранок бо COVID-19 ва дар арзёбии 18 муассисаи тандурустӣ дар се шаҳр кумак кардааст. Инчунин, 27 корманди лаборатория аз шаҳрҳои мухталиф бо истифода аз ташхиси баръакси ТЗП ба ташхиси COVID-19 омӯхта шудаанд.

CDC ва шарикони он минбаъд низ ба Ҳукумати Тоҷикистон дар такмили усулҳои назорати сироятӣ дар муассисаҳои тандурустӣ кумак хоҳад кард. Дар маҷмӯъ, CDC барои дастгирии талоши Тоҷикистон дар мубориза бо пандемияи COVID-19 маблағи 1,6 миллион доллар ҷудо кардааст.

Дар соли 2020 дафтари CDC дар Осиёи Марказӣ 25-солагии худро ҷашн гирифт. Аввалин дафтари CDC дар минтақа соли 1995 дар Алмато кушода шуд. Имрӯз кормандони агентӣ дар Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон кор мекунанд. Онҳо вазорати тандурустии ин кишварҳоро барои омода кардани кормандони соҳаи тандурустӣ, таҳкими низоми тандурустӣ ва вокуниш ба COVID-19, ВНМО, сил ва дигар бемориҳои сироятӣ дастгирӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.