Ҷоизаи имсолаи ба номи Бӯринисо Бердиева аз сӯйи "Эътилофи бонувони рӯзноманигори Тоҷикистон" ба Гулнора Амиршоева, сардабири "Вечерка" дода шуд. Ин ҷоиза ҳамсола ба занҳои рӯзноманигори тоҷике дода мешавад, ки дар рушди рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон саҳм гирифтаанд.
Бино ба гуфтаи "Эътилофи бонувони рӯзноманигори Тоҷикистон" имсол барои соҳиб шудан ба ин ҷоиза 28 бонуи рӯзноманигор аз расонаҳои гуногуни Тоҷикистон сабқат кардаанд.
Ҳамчунин ба ҷуз ҷоизаи Бӯринисо Бердиева, дар ин рӯз аз сӯйи ин ниҳоди рӯзноманигорӣ ба Ҷамила Мирбозхонова, хабарнигори нашрияи "Фараж", Даря Христалюбова, ровии радиоия "Азия плюс", Мафтуна Шокирова, хабарнигори телевизиони "СМ1" ҷоизаҳои ифтихории беҳтаринҳо дар соҳаи худро соҳиб шуданд.
Барои эҷоди матолиби муфиду фазои мусоиди иттилоотӣ рӯзноманигороне чун Сарвинози Руҳулло, Заррина Абдуназарова, Зулфия Голубева, Анна Мирзоева, Дилноза Қуддусова, Муҳайе Нозимова, Саида Раҳимова, Холбибӣ Эшонбоева, Шоира Тоирова, Маҳина Давлатова, Махфират Шоимова, Наврӯзмо Вазирбекова, Саҳобахон Ҷӯраева, Саодат Усмонова, Шаҳло Эшонова, Лутфия Эшонқулова, Эллина Ким, Нигина Мамадҷонова, Фархунда Файзуллоева, Таҳмина Мисробӣ, Нозанин Усмонова, Симин Ҳусейнова, Азиз Алишерзода, Алия Ҳамидуллина ва Фарангис Мирдадоева низ соҳиби диплом шуданд.
Ҷоизаи Бӯриниссо Бердиева ягонаи ҷоизаи ихтисосии бонувон дар бахши рӯзноманигорӣ аст, ки дар гузашта онро рӯзноманигорони маъруфе чун Адолати Мирзо ва Ҳуринисо Ализода ба даст овардаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста