Шавкат Ниёзӣ, адиб ва адабиётшиноси шинохтаи тоҷик, дар Маскав дар синни 93-солагӣ даргузаштааст. Ин хабарро Талъат Нуъмонзода, хоҳарзодаи адиб ба "Азия-Плюс" таъйид кард ва гуфт, ки адиб имшаб дар хонааш дар Маскав, бар асари беморие, ки дошт, даргузаштааст. 

Масъулони Иттифоқи нависандагон гуфтаанд, ки хабари даргузашти Ниёзиро пайвандону наздиконашон ба ин ниҳод расонидаанд.

Хоҳарзодаи Ниёзӣ гуфт, ки онҳо барои овардани ҷасад ба Душанбе ба Иттифоқи нависандагон муроҷиат кардаанд.

«Барои овардани ҷасади Шавкат Ниёзӣ ба Иттифоқи нависандагон муроҷиат кардем. Иттифоқи нависандагон ба Институти забон ва шарқшиносӣ муроҷиат намуданд. Чун, фарзандонашон имконияти оварданашро надоранд», - гуфт Нуъмонзода. 

Ба гуфтаи Талъат Нуъмонзода, агар барои овардани ҷасади Ниёзӣ ёрӣ нашавад, ӯро ҳамонҷо ба хок месупоранд. «Ба мо гуфтанд, ки то се рӯз дар морг (сардхона) нигоҳ дошта мешавад. Се рӯз вақт ҳаст, агар илоҷ нашавад, баъдан дар Тоҷикистон маросими видоъ бо устод гузаронида мешавад».

Шавкат Ниёзӣ бародари нависандаи маъруфи адабиёти даврони шӯравии тоҷик Фотеҳ Ниёзӣ буд, ки аз охири солҳои 50-уми асри гузашта дар Маскав кору зиндагӣ мекард. 

Ӯ соли 1927 дар Самарқанд таваллуд ва соли 1948 риштаи забону адабиёти Донишгҳи омӯзгории Душанберо хатм карда буд. Чанде дар ҳамин донишгоҳ устодӣ карда, соли 1957 дар Пажуҳишгоҳи ховаршиносии АИ СССР рисолаи номзадӣ дифоъ мекунад. То поёни умри шӯравӣ мушовири адабӣ ва котиби масъули адабиёти тоҷик дар Иттиҳодия нависандагони шӯравӣ дар Маскав буд. 

Шавкат Ниёзӣ, мунаққид ва адабиётшиноси советии тоҷик, Корманди Хидматнишондодаи Маданияти ҶШС Тоҷикистон (1976) ва Корманди Хизматнишондодаи Маданияти РСФСР (1978), профессор, доктори ифтихории АИ театрӣ (1996) буд.

Дар Донишкадаи давлатии ҳунари театрӣ (ГИТИС)-и  Луначарский ва Донишкадаи адабиёти ба номи Горкий устодӣ низ кардааст. Мушовир ва муовини Кумитаи иҷроияи Созмони байналмиллалии Иттиҳодияҳои нависандагони ИДМ низ буд.

Ӯ осори зиёде дар бораи адабиёти муосири тоҷик дар мавриди ҳаёту эҷодиёти Устод Рӯдакӣ, Ниёзӣ, Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҷалил, А. Шукӯҳӣ, Ф. Муҳаммадиев, ҳамчунин А. Пушкин, А. Фадеев ва дигарон эҷод кардааст. Яке аз муаллифони «Таърихи адабиёти сермиллати халқҳои шӯравӣ» (1974) буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.