Шуъбаҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ, ЗАГС)-и Маскав соли 2020 наздики 8,5 ҳазор ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷиро ба қайд гирифтаанд, ки 2% камтар нисбат ба соли 2019 мебошад. Дар бора ба ТАСС дар Раёсати САҲШ-и Маскав хабар додаанд.
“Соли 2020 шумори никоҳҳо бо иштироки хориҷиён 2% кам шуд - аз 15% дар соли 2019 то ба 13% дар соли 2020. Маъмулан нисбат ба арӯсон домодҳои хориҷӣ зиёдтаранд. Ҳудуди 5 ҳазор домоди хориҷӣ ва 3,5 ҳазор арӯсон соли 2020 дар Маскав ақди никоҳ бастаанд”, - иброз доштааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.
Гуфта мешавад, соли 2020 ҳудуди 450 ақди никоҳ танҳо байни шаҳрвандони хориҷӣ суарт гирифтааст, ки 30 камтар дар муқоиса бо соли 2019 аст.
Миёни домодҳои хориҷӣ аксариятро шаҳрвандони Тоҷикистон, Украина ва Озарбойҷон ва байни кишварҳои хориҷи дур - шаҳрвандони Нигерия, Туркия, Ветнам, Британияи Кабир ва Афғонистон ташкил додаанд. Соли 2020 бештар арӯсон аз Украина, Қирғизистон ва Беларус, инчунин Ветнам, Нигерия ва ИМА ба шавҳар баромадаанд.
Зикр мегардад, ки аз 1 октябри соли 2019 дар ҳамаи шуъбаҳои САҲШ сабти ақди никоҳҳо бо шаҳрвандони хориҷии давлатҳои хориҷи дур оғоз гардид. Қаблан ин маросимҳо танҳо дар Қасри ақди никоҳи №4 ва шуъбаи САҲШ-и Шипилово сабт мешуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.