Раҳбарии Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон дар робита ба масъалаи фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ бо нархи баланд аз муқарраршуда аз ҷониби нуқтаҳои билетфурӯшӣ (кассаҳо) ҷаласаи таъҷилӣ баргузор намуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Икром Субҳонзода хабар дод.
“Доир ба масъалаи фурӯши билетҳо бо нархҳои хеле баланд аз арзиши муқарраршуда ба мо арзу шикоятҳо расиданд. Дар ин бора аз ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам огоҳ шудем. Бинобар ин, субҳи имрӯз, 5 апрел бо иштироки намояндагони КДАМ, Прокуратураи нақлиёт, намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва Utair, инчунин Агентии алоқаи ҳавоӣ ва дигар сохторҳои дахлдор ҷаласаи таъҷилӣ гузаронидем”, - хабар дод Субҳонзода.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласа онҳо боисророна талаб кардаанд, ки билетҳо бо нархҳои зиёдшуда фурӯхта нашуда, дар доираи меъёрҳои аз ҷониби Агентӣ муқарраршуда ба фурӯш бароварда шаванд.
“Агентӣ аз Прокуратураи нақлиёт ва намояндагони КДАМ дархост намуд, ки ҷиҳати роҳ надодан ба фурӯши билетҳо бо нархҳои баланд мусоидат кунанд, - гуфт Субҳонзода. - Ба намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва нуқтаҳои билетфурӯшӣ огоҳии қатъӣ дода шуд”.
Субҳонзода зикр кард, ки Агентии авиатсияи гражданӣ ҳамаҷониба талош меварзад, ки билетҳо аз нархи муқарраршуда гарон фурӯхта нашаванд.
“Бори дигар аз шаҳрвандон хоҳиш мекунам, ки дар сурати аз нархи муайяншуда гаронтар фурӯхтани билет ба мо муроҷиат намоянд. Ҳамаи муроҷиатҳоро баррасӣ ва чораҳои қатъӣ меандешем. Барои пешгирии фиребу қаллобӣ аз шаҳрвандон дархост мекунем, ки билетҳоро танҳо дар нуқтаҳои расмии фурӯши ширкатҳои ҳавопаймоӣ харанд”, - изҳор дошт роҳбари Агентӣ.
Ёдрас мекунем, ки Икром Субҳонзода қаблан ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки нархи билетҳо ба як самт ва бозгашт аз он (ҳар ду самт) набояд аз 500 доллар зиёд бошанд.
“Масалан, агар ба самти парвози Душанбе-Маскав талаботи мусофирон зиёд бошад, ширкатҳо нархро аз 300-350 доллар ва дар бозгашт ба Душанбе – 150 доллар муқаррар карда метавонанд, лекин онҳо бояд дар назар дошта бошанд, ки нарх ба ҳар ду самт аз 500 доллар болотар набошад", - гуфта буд ӯ.
Дирӯз, 4 апрел ширкати «Сомон Эйр» нахустин парвози муқаррарии худро бо 184 нафар мусофир пас аз иҷоза шудани парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Русия ба Маскав анҷом дод. Ба гуфтаи намояндагони ширкат, билетҳо ба ин хатсайр бо нархи 349 доллар фурӯхта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳор доштанд, ки билетҳо ба ду хатсайр аз Душанбе ба Маскав (ЮтЭйр ва Сомон Эйр) аз нархи муайяншуда бамаротиб қиматтар фурӯхта шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кӯдакони тоҷик пас аз ҷарроҳии дил дар Чин ба ватан баргаштанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста