Дар моҳи майи соли равон бо назардошти ҷашнҳои Рӯзи Ғалаба ва Иди Рамазон сокинони Тоҷикистон 12 рӯз истироҳат мекунанд.

“Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат – рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар низ истироҳат эълон мешавад”, - шарҳ дод ба “Азия-Плюс” ин масъаларо як манбаъ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.

Имсол ҷашни Рӯзи Ғалаба - 9 май ба рӯзи якшанбеи ҳафта рост меояд ва бо назардошти меъёрҳои дар боло зикршуда, рӯзҳои 8, 9 ва 10 май дар ҷумҳурӣ рӯзҳои ғайрикорӣ мебошанд.

Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ҷашни Иди Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 13 май фаро мерасад ва ин рӯз низ тибқи қонун рӯзи истироҳат аст.

Ба ин тариқ, моҳи оянда шаҳрвандони Тоҷикистон 12 рӯз: 1, 2, 8, 9, 10, 13, 15, 16, 22, 23, 29 ва 30  май истироҳат мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон соли 2016 тағйироту иловаҳо ба қонун дар бораи рӯзҳои ид тасдиқ шуд, ки ба ҷашни Рӯзи 1 май низ дахл дошт.

Мувофиқи тағйироту иловаҳои он замон ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” қабулшуда, 1 май дар ҷумҳурӣ рӯзи ид шуморида шуда, лекин бе рӯзи истироҳат таҷлил мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.