Аз ин ба баъд шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи Алмато, Тошканд, Дубай, ки аз Душанбе ба ин шаҳрҳо парвозҳои доимӣ амал мекунанду инчунин алоқаи ҳавоии онҳо бо Русия низ боз аст, ба Русия рафта метавонанд.

Тоҷикистон низ ба рӯйхати кишварҳои хориҷие, ки шаҳрвандони онҳо метавонанд ба Русия тариқи кишварҳои сеюм сафар кунанд, дохил шуд. Бо қарори ҳукумати Русия дар ин хусус 14 апрел ба замимаи якуми фармоиши ҳукумати Русия №635-р (аз 16.03.2020 сол) тағйирот ворид шуд.

Фармоиш 15 апрели соли равон дар интернет-портали расмии маълумоти ҳуқуқӣ нашр шуд.

Дар таҳрири нави санад гуфта мешавад, шаҳрвандони кишварҳои дар Замимаи №1 зикршуда, инчунин шахсоне, ки дар онҳо Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) доранд, метавонанд тариқи хатсайрҳои ҳавоии ҳар кадоме аз ин кишварҳо ба Русия ворид шаванд.

Дар бораи кишварҳои зерин сухан меравад: Британияи Кабир, Танзания, Туркия, Швейтсария, Миср, Малдив, АМА, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Корея, Куба, Сербия, Ҷопон, Ҷазираҳои Сейшел, Эфиопия, Ветнам, Ҳиндустон, Қатар, Финландия, Озарбойҷон, Арманистон, Юнон, Сингапур, Венесуэла, Олмон, Сурия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка.

Ба ин тариқ, акнун тоҷикистониён тариқи кишварҳое, ки байни онҳо бо Тоҷикистон хатсайрҳои доимӣ амал мекунанд, аз ҷумла Қазоқистону Ӯзбекистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия ва Қирғизистон ба Русия сафар карда метавонанд.

Ҳомии ҳуқуқи маъруф байни муҳоҷирони Русия Валентина Чупик дар мавриди ин масъала ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи кишварҳои сеюм ба Русия омада метавонанд ва ҳатто агар барои вуруд асос надошта бошанд.

Тоҷикистониён аз ин иҷоза чӣ бурде дошта метавонанд?

Тоҷикистониёне, ки ба Русия рафтанианду лекин барои вуруд ба ин кишвар асос надоранд, акнун имкон доранд, ки ба воситаи кишварҳои дар боло зикршуда ба Русия сафар кунанд.

Паҳлӯи мусбати ин иқдом дар он аст, ки асос лозим несту ғайр аз ин, дар муқоиса бо хатсайрҳои доимӣ, ба ин васила ба Русия зудтар расидан мукин аст, чунки билетҳо ба парвозҳои доимӣ аз Тоҷикистон аллакай то моҳи июн фурӯхта шудааст.

Паҳлӯи манфиаш - парвоз тариқи транзит гарон меафтад. Албатта на барои шахсоне, ки аллакай дар кишварҳои дар боло зикршуда ҳузур доранд, балки барои касоне, ки ҳоло дар Тоҷикистон мебошанд.

Тариқи кадом кишварҳо метавон сафар кард?

Дарҳол мегӯем, ки тариқи Туркия ба шаҳрҳои Русия сафар кардан ҳоло имкон надорад, зеро Русия аз 15 апрел то 1 июн хатсайрҳои мунтазами ҳавоиашро бо ин давлат қатъ кард.

Боз як кишвари дигаре, ки тариқи он метавон аз Душанбе ва минбаъд масалан, ба Маскав парвоз кард, Ӯзбекистон мебошад. Аз Тошканд дар як ҳафта якчанд хатсайр ба самти Русия амал мекунад. Ва “Сомон Эйр” ҳам эълон кард, ки ба самти Душанбе-Тошканд хатсайри дуюмро роҳандозӣ мекунад.

Лекин мебояд гуфт, ки вазъият дар он ҷо низ чун дар мо аст: аксари ӯзбекистониҳо низ мехоҳанд, ки тариқи хатсайрҳои доимӣ ба Русия раванд, аз ин рӯ, билет ба хатсайрҳо аз Тошканд ба Русия низ аллакай то 27 июн пурра фурӯхта шудааст.

Тариқи Қазоқистон. Аз Тоҷикистон ба Қазоқистон ҳафтае ду мартиба аз ҳар ду ҷониб парвоз анҷом дода мешавад. Лекин ин ҷо вазъ сабуктар аст, чунки аз шаҳрҳои Қазоқистон дар як ҳафта ба самти Русия 20 хатсайри доимӣ амал мекунад. Аз Алмато ба Русия ҳафтае 4 паровзи доимб ба Русия иҷро мешавад.

Қирғизистон ҳам бо Русия парвози доимӣ дорад, лекин мушкил сари он аст, ки ҳозир байни Душанбе ва Бишкек хатсайри мунтазам нест, дар як моҳ танҳо як парвози чартерӣ сурат мегирад. Сарҳади заминӣ баста аст. Аз ин бармеояд, ки роҳ барои транзит душвор мешавад.

Албатта, тариқи Дубай ҳам мешавад, лекин хеле гарон меафтад.

Дар бораи арзиши билет аз ин кишварҳо ба Русия метавон дар интернет маълумот дарёфт кард. Ҳамчунин метавон ба хазинаҳои билетфурӯшӣ занг зад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.