Маҳаллаи нави “Баҳор” дар қаламрави ноҳияи Шоҳмансур бунёд гардида, қаламрави аз мавзеи калисои православӣ то  корхонаои истеҳсоли оби ҷав (Пивзавод)-ро фаро мегирад.

Дар ҷойи мавзеи миёни мардум маъруф ба “Нагорная” коттеҷҳо ва дар шафати роҳ биноҳои баландошёна қомат меафрозанд.

То соли 2025 дар ин ҷо ҳудуди 40 биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, иншооти соҳаи маориф, таъиноти иҷтимоӣ ва биноҳои маъмурӣ сохта мешаванд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт.

Дар маҳаллаи нав ба ҷуз хонаҳои баландошёна ва иншооти иҷтимоӣ, дигар қариб ҳамаи иншооти кӯҳнаву дар ҳолати садамавӣ қарордошта тахриб (кӯчонида) шуда, ба ҷойи онҳо хонаҳои нави навъи коттеҷ сохта мешаванд.

1/5

Лоиҳаи маҳаллаи нав дар доираи амалисозии Нақшаи генералии пойтахт аз ҷониби КВД “Лоиҳакаш” таҳия шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.