Бар асари даргирии мусаллаҳонаи рӯзи 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 150 нафар бесарпаноҳ монданд. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар қаламрави се ҷамоати шаҳри Исфара 14 манзил пурра тахриб (вайрон) шуда, 2 хона қисман зарар дидааст.
Тавре қаблан хабар дода будем, бо дастури президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, ҳамаи хонаҳои осебдидаву тахрибшуда дар ҷараёни муноқиша дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон пурра аз ҳисоби давлат барқарор карда мешаванд - хонаҳои қисман зарардида дар фурсати наздиктарин ва пурра тахрибшуда дар муддати як моҳ.
Ғайр аз ин, дар Исфара иқдомҳои зиёд оид ба дастгирии оилаҳои фавтидагон ва ҷабрдидагон ҷараён дорад. Ба гуфтаи муовини раиси шаҳри Исфара Мадина Бобоиён, онҳо ҳамроҳи занони пешво ва фаъолон ба аёдати оилаҳои фавтидагон рафтаанд. Айни замон ин оилаҳо бо маводи хӯрокворӣ таъмин шуда, кумаки пулӣ ҳам расонида мешавад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам дида мешавад, ки мардум бо ҳар роҳу василае ба ҷабрдидагон аз даргириҳо кумак кардан мехоҳанд: маҳсулоти ғизойӣ ҷамъоварӣ мекунанд, ба аёдати онҳо ба беморхона мераванд, автомашинаҳои худро барои хизматрасонӣ пешниҳод мекунанд ва ғайра.
Маҳпора Киромова, рӯзноманигор ва яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯяд, одамон ба ӯ бо дархости роҳандозии иқдоми кумак ба ҷабрдидагон дар даргириҳои Исфара дар моҳи шарифи Рамазон муроҷиат кардаанд. Дар ин кор ӯро ҳамкасбаш Меҳрангез Турсунзода, ки дар макони даргирӣ, дар сарҳад аст, ҷонибдорӣ мекунад.
Маҳпора барои ёрӣ ба дӯстонаш аз Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ муроҷиат намуд, ки дар ин самт таҷрибаи кофӣ доранд.
- Шанбеи ҳамин ҳафта ба роҳ баромаданием. Худо хоҳад, то он дам кумаки зарурӣ ҷамъ мешавад, то ки барои давраҳои аввал барои зиндагии одамони осебдида кифоя бошад., - изҳор мекунад Маҳпора.
Ҷамъоварии кумак то шоми 7 май давом мекунад.
Шумо ҳам метавонед ба одамоне, ки бар асари даргирӣ дар марз осеб диданд, ба ҳар гунае кумак кунед: бо сарулибосу маҳсулоти хӯрокворӣ, гузаронидани пул ё чизи дигар
Реквизитҳо барои кумак:
Суроға дар Душанбе: Мирзо Турсунзода 45, кабинети 310, телефон: 933331803
Суроға дар Хуҷанд: 17 микрорайон (назди БДА-и вилоят), телефон: 933331703
Алиф и Хумо – кошельки: +992908550077
Реквизиты ОАО МДО "Алиф Капитал" для перевода денежных средств:
В СОМОНИ: Банк Получатель: ОАО МДО «Алиф Капитал», БИК: 350101900, К/с. № 20402972919001 в НБТ
Получатель: Общественный фонд "Дасти Сабах"
Счет: № 20202972800006391101
ИНН: 010100780
ЕИН: 0110024769
В РОССИЙСКИХ РУБЛЯХ: Банк Получателя: ПАО «Транскапиталбанк», Москва, Российская Федерация, Воронцовская, д. 27/35, БИК: 044525388, ИНН 7709129705, К/с. № 30101810800000000388
Получатель: ОАО МДО Алиф Капитал, Душанбе, Таджикистан, ул. Фотех Ниези 51, ИНН 030026536, К/с. № 30111 810 1 00000000153
ДЕТАЛИ ПЛАТЕЖА: В пользу (Общественный фонд "Дасти Сабах"), Счет получателя: 20206810800006391104
Маводи муфассал аз ҷараёни пешинаи рӯйдодҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.