Зимни суханронӣ рӯзи 5 май дар кори мизи мудаввар ба муносибати Рӯзи ҷаҳони озодии матбуот, ки таҳти сарпарастии намояндагии СММ дар Тоҷикистон доир гардид, сардабир ва муассиси гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”Умед Бобохонов дар бораи ба душвориҳо дучор гардидани рӯзноманигорон рӯзҳои низоъ дар марз бо Қирғизистон, аз ҷумла тамос надоштан бо ҳеҷ кадоме аз сохторҳои давлатӣ, бо чӣ гуна талошҳои зиёд дастрас гардидани ҳар як маълумот изҳори назар кард.

Ӯ аз кори рӯзноманигорони хабаргузории “Азия-Плюс” дар ин рӯзҳо оид ба инъикоси рӯйдодҳо дар сарҳад мисол овард.

“Вақте даргириҳо сар шуд, мо дарҳол гурӯҳи шабонарӯзии навбатдоронро ташкил кардем, ки зарра-зарра маълумот гирдоварӣ намуда, онро бо се забон дар ҳамаи платформаҳо бо фарогирии зиёда аз 500 ҳазор нафар корбарон нашр мекарданд", - иброз дошт роҳбари гурӯҳи расонаҳо.

Дар натиҷа зиёда аз 100 ВАО-и хориҷӣ дар маводи худ ба маълумоти хабаргузории “Азия-Плюс” истинод оварданд.

Ба гуфтаи Бобохонов, кори рӯзноманигорони расона дар ин рӯзҳо осон набуд.

“Дастрасии ҳар як хабар талошҳои зиёдеро тақозо мекард, - гуфт ӯ. - Лозим меомад, ки ба маркази даргирҳиои ҷангӣ занг занем, шиносҳо пайдо кунем, як маълумотро дар якчанд сарчашма санҷем. Ҳамкорон ба беморхонаву ҳуқуматҳои маҳаллӣ ва шиносҳои худ занг зада, мепурсиданд, ки аз ҷониби кӣ аввал тир кушода шуд, паноҳандагон ба куҷо рафтанд ва ғайраву ҳоказо”.

Ӯ зикр кард, ки рӯзҳои даргирӣ бархе аз намояндагони ҳукумат аз ҷомеаву журналистон, блогерону олимон даъват карданд, ки рӯйдодҳо дар сарҳад бештар густарда инъикос шаванд.

“Онҳо чунин мешуморанд, ки гӯё ҷумҳурии мо дар набарди иттилоотӣ ба шикаст дучор аст, - гуфт Умед Бобохонов бо зикри аҷиб будани чунин даъват: “Чӣ гуна мо метавонем дар он пирӯз бошем, вақте дар кишвар дастрасӣ ба сомонаи иттилоотии пешрафтаву муваффақ қатъ буда, мансабдорон аз пешниҳоди маълумот ба рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд?!”.

“Чунин сиёсат хилофи манфиатҳои миллист”, - чунин мешуморад Бобохонов.

Ӯ изҳор намуд, ки дастрасӣ ба маълумот дар Тоҷикистон ба як мушкили рӯзмарра табдил ёфтааст.

“Бахусус дар давраҳои буҳрон он хеле барҷаста возеҳу аён мегардад, - мегӯяд сардабир. - Аз ин худи давлат бохт мекунад. Зеро ВАО шарики ҳукумат аст”.

Бобохонов аз шарикии пурсамар байни расонаҳо ва ҳукумат дар солҳои 2000-ум ва гузаштаи начандон дур ёдовар шуд.

“Зимни боздиди ахири худ ба Ворух президент рӯзноманигорони мустақилро ҳамроҳ ба сафар бурд. Ҳамаи рӯзноманигорони ин гурӯҳ бо изҳори қаноатмандӣ фазои озоди ин сафарро зикр мекунанд, ба онҳо гуфтугӯ бо мардум, боздид аз ҳама гуна макон, суҳбат бо намояндагони сохторҳои қудратӣ иҷоза буд. Дар натиҷаи инъикоси густардаи ин сафар ҳазорон нафар аз мушкилоти Ворух огаҳӣ пайдо карданд”, - таъкид дошт Умед Бобохонов.

Дар фарҷоми суханронӣ ӯ изҳори умедворӣ кард, ки мисли пешин шарикӣ байни ҳукумат ва рӯзноманигорон барқарор карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.