20 май дар саросари дунё Рӯзи ҷаҳонии занбӯр ҷашн гирифта мешавад. Занбӯрпарварони Тоҷикистон имсол дар бораи зиёнашон ҳарф мезананд: бар асари гароншавии маҳсулоти ниёзи аввал дар замони пандемия.

Ҳасан Сангинмуродов, занбӯрпарвар аз Ҳисор бо собиқаи кории 30-сола мегӯяд, нисфи оилаи занбӯрҳои худро аз даст додааст. Дар натиҷаи беш аз 40% гарон шудани шакар, занбӯрпарварон хӯрока харида натавонистаанд ва ин ба талафоти зиёд дар ин соҳа боис гардидааст.

“Ду сол пеш як халта шакари 50 килоӣ 200 сомонӣ нарху дошту он барои 5 оилаи занбӯр дар тамоми мавсим кофӣ буд. Ҳозир он 450 сомонӣ нарх дорад ва мо занбӯрҳоро бо хӯрока таъмин карда наметавонем”, - мегӯяд ӯ бо таассуф.

Акнун тамоми умеди занбӯрпарварон ба дастгирии давлат аст. Онҳо итминон медиҳанд, ки агар дар наҷоти оилаҳои занбӯр ба онҳо кумак карда шавад, онҳо подошашро бармегардонанд:

“Агар ҳукумат ба муҳлати ду сол бефоиз маблағ ҷудо кунад, мо буҳронро паси сар карда, сипас пули давлатро баргардонида метавонистем”.

Интиқоли пул аз Русия бе комиссия ва бо қурби қулай аз Dushanbe city ва Asia+: https://ap.dc.tj

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.