Табибони Имороти Муттаҳидаи Араб дар беморхонаи «Истиқлол»-и Душанбе кӯдакони дорои нуқсони дилро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд. Ҷарроҳӣ аз рӯзи 12-уми июли имсол оғоз гардида то 19-уми июл идома хоҳад кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз маркази матуботии беморхонаи мазкур иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, бояд дар баробари табибони араб табибони Ҳиндустон низ кӯдакони гирифтори бемории қалбро ҷарроҳӣ мекарданд, вале мутаассифона бинобар вазъияти нигаронкунандаи беҳдоштии ин давалт онҳо натвонистанд ба Тоҷикистон биоянд. Аз ин хотир мегӯяд манбаъ, «ҳоло табибони араб танҳо найчаи қалб (стен)-ро тариқи лазерӣ мегузоранд ва навъҳои дигари ҷарроҳӣ сурат нахоҳад гирифт».
Манбаъ ҳамчунин илова кард, ки 6 табиби иморотӣ ҳоло дар беморхонаи мазкур қарор дошта, ба кӯдакони бемори то 10-12 – сола найчаи қалб мегузоранд.
Ин кӯдакон қаблан бояд дар Вазорати тандурустӣ ба қайд гирифта шаванд ва рӯйхати онҳо ба табибон супорида мешавад.
«Дар Вазорати тандурустӣ кӯдакон номнавис гардида, аз ташхиси табибон мегузаранд. Онҳоро ташхиси компутарии дил мегузаронанд, маълум мегардад, ки ин кӯдакон бемор ҳастанд ва оё ба ҷарроҳӣ эҳтиёҷ доранд ё на».
Манбаи мо аз беморхонаи “Истиқлол” гуфт, ки дар маҷмӯъ 100 кӯдак бояд ҷарроҳӣ мешуд, вале ҳоло шояд ба 30 ё 40 нафар найчаи дил гузоранду халос. «Дар маҷмӯъ дар рӯйихат 100 нафар буданд, вале бинобар ин ки бештари онҳо бемории сӯрохии дил доранд, ҷарроҳӣ намешаванд. Зеро амалиёти ҷарроҳии сӯрохии қалбро бояд табибони ҳиндӣ мегузарониданд ».
Аз «Истиқлол» ҳамзамон илова карданд, ки барои афроди беморе, ки ному насабашон дар рӯйхат нест, иштирок дар ин ҷарроҳӣ дер шуд. Ва ҳар нафаре, ки мехоҳад, ки фарзанд ё афроди наздикашон, ки аз бемории қалб азият мекашанд пешакӣ бояд дар Вазорати тандурустӣ номнавис шаванд ва бо омадани табибон онҳо метавонанд бо ҷарроҳӣ фаро гирифта шаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста