Дар пасманзари хабарҳои гирифторшавии дигарбора ба коронавирус ва зиёд шудани мавридҳои сироятёбӣ, мо, рӯзи 15.06.2021 ба Маркази тиббии шаҳрии № 1 ба номи Карим Ахмедов, ки дар ҷомеа бо номи беморхонаи “Якум Севетский” маъруф аст, рафтем.

Ин беморхона ҷойе гуфта мешавад, ки гӯё гирифторони коронавирусро ҳамин ҷо бистарӣ мекунанд. Соли гузашта дар давраи авҷи гирифторшавиҳо ба ин беморӣ, ҳамин беморхона яке аз маконҳои бистарӣ кардани беморон буд.

Дар ин ҷо бо масъулони беморхона ва наздикону пайвандони беморон суҳбат кардем.

Тақрибан се ҳафта мешавад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо мардум аз гирифтор шудани пайвандону наздиконашон ба коронавирус менависанд ва ҳатто ҳолатҳои таъйидшудаи марг низ гуфта мешавад. Аммо на Ситоди ҷумҳурявии мубориза бо паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон ва на Вазорати тандурустӣ дар ин бора чизе намегӯянд ва Вазорати тандурустӣ ин хабарҳоро рад мекунад.


10 рӯз бистарӣ дар шуъбаи эҳё: Пневмания ё коронавирус?

Дар назди шуъбаи бемориҳои сироятӣ ва шуъбаи эҳёи Маркази тиббии шаҳрии №1 мардуми зиёде ҷамъ омада, интизори шифоёбии наздиконашон ҳастанд. Чанд нафар зимни суҳбат бо мо тасдиқ карданд, ки наздиконашон дар шуъбаи бемориҳои сироятӣ ва эҳёи беморхона бо бемориҳои монанд ба коронавирус дар ин беморхона бистарӣ ҳастанд. Духтурон ба онҳо гуфтанд, ки ҷои нигаронӣ нест, ҳамаи наздикони онҳо бемориҳои илтиҳоби шуш, пневмания ва ё бемориҳои дигари мавсимии шуш доранд.

Як нафар, ки худро Мирдадо муаррифӣ кард, зимни суҳбат гуфт, ки ҳудудан 10 рӯз мешавад, яке аз наздикони 58-солааш дар бахши эҳёи шуъбаи бемориҳои сироятии беморхона бистарӣ аст.


- Тақрибан 10 рӯз пеш аҳволи яке аз наздиконам бад шуд, нафастангӣ пайдо шуд, ҳарораташ паст намешуд, маҷбур шудем ба беморхона биёрем. Беморхона овардем, ду се рӯз табобат карданд ва якбора ҳолаш бад шуд ва ба шуъбаи эҳё бистарӣ карданд. Духтурон мегӯянд, ҳолаш вазнин аст, намедонем чӣ мешавад,-нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Вай мегӯяд, духтурон гуфтаанд, ин хешаш аз пневмания ранҷ мебарад ва дар ӯ ҳеҷ нишонаҳое аз коронавирус нест. Вале худи ӯ ба ин гуфтаҳо шубҳа дорад.

Бештари сокиноне, ки инҷо ҷамъ шуда буданд, аз суҳбат бо мо худдорӣ карданд ва гуфтанд, ки “иҷозати суҳбат карданро надоранд”. Ба суоли мо ки кӣ шуморо иҷозат намедиҳад, посух надоданд.

Масъулини беморхонаи Маркази тиббии шаҳрии №1 хуруҷи дигарбораи COVID-19 ва бистарӣ шудани сокинонро бо нишонаҳои ин беморӣ дар беморхона рад ва ё тасдиқ накарданд.


Муовини сардори Маркази тиббии шаҳрии №1 Анвар Нурализода бо баҳонаи набудани роҳбарияти беморхона хабари бистарӣ шудани беморонро бо нишонаҳои коронавирус дар беморхона рад ё тасдиқ накард ва танҳо гуфт, ки бемороне, ки дар шуъбаи эҳё ва шуъбаи бемориҳои сироятӣ бистарианд, гифторӣ беморҳои сироятии мавсимӣ дар натиҷаи истеъмоли оби хунук, яхмос, оббозӣ дар оби хунук ва таъсири боду ҳаво бистарианд. Ӯ гуфт, ки дар беморхона бемороне, ки сабаби пайдоиши бемориашон вирус бошад, нест.

- Натиҷаи ҳамаи тестҳо манфӣ аст. Чанд рӯзи охир аз бемориҳои сироятӣ марг ба қайд гирифта нашудааст ва танҳо марг аз бемориҳои соматикӣ аст,-гуфт А. Нурализода.

Ӯ гуфт, ки чанд беморе ҳам доранд, ки бо илтиҳоби шуш ва пневмания дар шуъбаи бемориҳои сироятӣ ва шуъбаи эҳё бистарианд.

Ба суоли он чанде пеш як нафар бо нишонаҳои монанд ба коронавирус дар ин беморхона фавтидааст, гуфт, ки вай гирифтори бемории илтиҳоби шуши мавсимӣ буд ва сабаби фавташ ҳам ин беморӣ ва дагир бемориҳои ҳамрадиф аст.


Тестҳои мусбат чӣ мегӯянд?

Бо вуҷуди он ки мақомоти Тоҷикистон расман хуруҷи коронавирусро рад мекунанд ва мегӯянд, ки “дар ҳеҷ озмоишгоҳе ташхиси коронавирус натиҷаи мусбат надодааст”, дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ миқдори зиёде ташхиси мусбати сокинон, ки гирифтории онҳоро ба коронавирус нишон медиҳанд, нашр мешавад. Аз ҷумла, рӯзи 14 июн дар гурӯҳи “Мы-таджикистанцы!/Мо -тоҷикистониён!” нусхаи натиҷаи мусбати ташхиси як нафар нашр шуд ва дар шарҳи он корбарони зиёде дар мавриди ба коронавирус гирифтор шудани наздиконашон гуфтаанд (бойгонӣ).

Ҳамчунин, Радиои “Озодӣ” низ дар яке аз маводҳояш нусхаи натиҷаи мусбати ташхиси як сокини 62-солаи шаҳри Душанберо нашр намудааст, ки 30 майи соли 2021 натиҷаи ташхисаш мусбат аст (бойгонӣ).

Чанд нафар ҳам ба “Азия плюс” натиҷаи мусбати ташхиси назиконашонро равон карданд ва гуфтанд, ки чанде аз дӯстону наздикони онҳо ба коронавирус гирифтор шудаанд.

Яке аз корбарон ба "Азия-Плюс" фиристодааст

Як нафар корбари саҳфаҳои “Азия плюс” дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъди пешниҳоди натиҷаи мусбати ташхиси коронавируси яке аз наздиконаш гуфт, ки “ду ҳафта пеш бародараш ҳамроҳи ҳамсараш ба бемории коронавирус гирифтор шуданд, ташхис нишон дод, ки онҳо ба COVID-19 гирифторанд. Ба ғайр аз ин, як дӯстам, ҳам бемор шуд, нишонаҳояш ба коронавирус монанд буд. Хулоса, ташхиси ӯ низ тасдиқ намуд, ки ӯ гирифтори коронавирус аст. Як шиносам ҳамроҳи модараш ҳоло дар шуъбаи эҳё бо чунин нишонаҳо дар ҳолати вазнин бистарӣ аст. Ҳамчунин, чанде аз дӯстону наздиконам ҳам давоми як моҳи охир бо чунин нишонаҳо бемор шуданд”.

Ӯ дар идома суол гузошт, ки чӣ гуна ҳамаи онҳо метавонанд дурӯғ гӯянд, дар ҳоле, ки ҳам натиҷаи ташхисашон мусбат ҳасту ҳам нишонаҳои коронавирусро доранд. Ӯ ба мо як ташхиси мусбати коронавирусро аз наздиконаш фиристод, ки 7 июни соли 2021 дар яке аз озмоишгоҳҳои шахсии Душанбе гирифта шудааст ва натиҷаи ташхис мусбат аст.

Илтиҳоби шуш на коронавирус


Бояд гуфт, ки рӯзи 12 июн чанд манбаъҳо ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳамарӯза дар озмоишгоҳои гуногуни кишвар чандин ҳолати сирояти коронавирус ошкор карда мешавад.

Як манбаъ дар озмоишгоҳи хусусии «Диамед», ки дар он бештари мардум аз ташхиси ПГР мегузаранд, гуфта буд, ки “8 июн танҳо дар Душанбе коронавирус ҳангоми санҷиши тақрибан 100 нафар ошкор карда шуд». Вале вазорат ин иттилоро рад кард.

Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ беморони дар беморхона бистаришударо гирифтори бемориҳои дигари шуш медонад, на коронавирус.

Ҳоло баъди ин ҳама далелу ҳаводис ва манзараҳои мушоҳидашуда, як суол пеши мардум боқӣ мондааст, чаро ин ҳама рад карда мешавад? Агар бипазиранд чӣ мешавад? 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.