Дар кишвар ваксинзании оммавии аҳолӣ бар зидди коронавирус идома дорад. Ваксинаҳои Бритониё, Чин ва Амрико ба Тоҷикистон оварда шуданд. Ба ҷуз ваксина аз Русия. Ҳамзамон дар ҷумҳурӣ ба "Sputnik V" талабот зиёд аст. Мо кӯшиш кардем бифаҳмем, ки бо кадом сабаб Тоҷикистон онро дастрас карда наметавонад.

Вазъи имрӯза

То имрӯз 4 млн воя (доза)-и ваксинаҳои гуногун ба кишвар ворид карда шуданд. Дар маҷмӯъ, ба нақша гирифта шудааст, ки беш аз 5 млн нафар шаҳрвандони синни аз 18-сола болои ҷумҳурӣ эм карда шаванд.

Бори аввал моҳи марти соли 2021 Тоҷикистон дар доираи механизми COVAX 192 ҳазор вояи ваксинаи бритониёии истеҳсоли Ҳиндустон - AstraZeneca-ро гирифт. Охири моҳи июн ҳамчун кумаки башардӯстона 300 ҳазор вояи ваксинаи чинии CoronaVac аз Чин ба Душанбе интиқол дода шуд.

Пас аз эълони ваксинзании ҳатмӣ, мақомот воридоти ваксинаҳоро афзоиш дода, рӯзҳои охир ба кишвар 3,5 млн вояи ваксинаҳои коронавирус овард шуданд.

Ҳамин тариқ, 26 июл 1,5 млн вояи ваксинаи амрикоии "Moderna" (кумаки башардӯстона аз ИМА) ба Душанбе интиқол дода шуд, Озарбойҷон 40 ҳазор вояи ваксинаи "AstraZeneca"-ро ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон фиристод. Рӯзи 28 июл ба Душанбе 2 млн воя ваксинаи CoronaVas оварда шуд, ки кумаки башардӯстонаи Чин аст.

Аввали моҳи август воридшавии миқдори навбатии AstraZeneca (истеҳсоли аврупоӣ) дар назар буда, инчунин боз як миқдори ваксинаи чинии «CoronaVaс» бо пули мададрасонон харида мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, то  28 июл зиёда аз 524 ҳазору 472 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд. Вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида   40 ҳазору 450 нафар нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

«Спутник V» - нахустин ваксинаи сабтшуда дар ҷаҳон барои пешгирии COVID-19 мебошад. Ин ваксина дар 67 кишвар бо шумори умумии аҳолии зиёда аз 3,4 млрд нафар эътироф гардида, лекин то ҳол аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) маъқул дониста нашудааст.

Русия кумак намекунад

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон шумораи зиёди одамоне ҳастанд, ки мехоҳанд маҳз бо ваксинаҳои Русия эм карда шаванд. Аммо масъалаи расонидани "Sputnik V" ба ҳеҷ гунае роҳи ҳалли худро намеёбад.

Дар бораи харидории ин ваксина дар оғози соли ҷорӣ сарусадоҳо буд. Он замон Русия ба Тоҷикистон маълумотро оид ба ваксина барои омӯзиш пешниҳод кард. Дар моҳи апрел онҳо аллакай ба баррасии масъалаи таҳвил шурӯъ карданд. Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар мулоқот бо сарвазири Русия Михаил Мишустин хостори кумак дар таъмини Тоҷикистон бо ваксинаҳои русӣ шуд.

Аввали моҳи май Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар бораи интиқоли ройгони ин маводи доруворӣ аз Русия тавофуқ ҳосил намуданд. Дертар вазири умури хориҷии Русия Лавров дар мулоқот бо ҳамкасбаш Муҳриддин низ дар бораи таҳвилҳои ройгон ҳарф зада буд. Ин масъала дар мулоқоти вазирони тандурустии ду кишвар низ баррасӣ шуд. Аммо ...

То имрӯз ин масъала ҳал нашудааст. "Sputnik V" танҳо ба пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон барои ҳайати шахсии воҳиди ҳарбӣ ва коргарони кирошудаи мулкӣ оварда шуда, тибқи баъзе овозаҳо тақрибан 3 ҳазор воя барои раҳбарияти кишвар низ ирсол гардидааст.

Дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ рӯзноманигорон дар бораи сабабҳои иҷро нашудани қарордодҳо посухи мушаххас нагирифтанд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи як манбаи “Азия-Плюс” дар ин ниҳод, ин ҷо дар бораи интиқоли ройгон сухан намеравад.

“Русия ваксинаро ба мо ройгон намедиҳад, барои хариданаш бошад, пул надорем. Ҷиҳати харидани ваксина ба мо грантҳо дода мешаванд, аммо тибқи қоидаҳо бо он танҳо ба харидани ваксинае иҷоза мешавад, ки аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тасдиқ шудааст. Sputnik V то ҳанӯз маъқул дониста нашудааст Ба ин далел, ҳалли масъала ба таъхир меафтад», - гуфт манбаъ.

Вай илова намуд, ки имкон дорад ҷонибҳо - Тоҷикистон ва Русия - дар бораи дигар шартҳои дастрасӣ ба тавофуқ бирасанд: ё Русия ба мо як миқдори муайяни ваксинаро ҳамчун кумаки башардӯстона медиҳад, ё Тоҷикистон ба ҷуз ин грантҳо манбаи дигари маблағгузорӣ пайдо мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.