Ба ҳолати 31 июл, тибқи маълумоти Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус (COVID-19), шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 78 нафар зиёд шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ, теъдоди умумии сироятёфтагон аз оғози пандемия ба 15 ҳазору 82 нафар расид.

Шумори фавтидагон аз ин беморӣ аз оғози пандемия то ин муддат 121 нафарро ташкил медиҳад.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 14 ҳазору 556  нафар ё худ 9654%-ро ташкил медиҳад. Давоми шабонарӯз 86 нафар шифо ёфтаанд.

Маълумот дар бораи шумори сироятёфтагону шифоёфтагон ва фавтидагон аз беморӣ дар рӯзи 1 август нест.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шумораи гирифторон ва фавтидагон дар ҷумҳурӣ ҳазорҳо нафар гуфта мешавад, зеро шояд бар асари паҳншавии штамми ҳиндии “делта” теъдоди ҳолатҳои сироятёбӣ афзуда, ҷараёни паси сар кардани беморӣ мушкилтар шудааст.

То  30 июл 660 ҳазору 742 нафар шаҳрвандон дар Тоҷикистон ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд. Вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида   49 ҳазору 229 нафар нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Дар ҷумҳурӣ имрӯз аз се ваксинаи зидди коронаирус - Moderna, AstraZeneca ва CoronaVac истифода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.