Бӯстонсарои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Варзоб ҷойгир буд, бо як қарори ҳукумат бозпас гирифта шудааст. Ин хабарро муовини раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа, ба “Азия-Плюс” таъйид кард.
Ӯ гуфт, ки ин як ҳафта пеш рух дод ва сабаби бозпас гирифтани бӯстонсаро аз Иттифоқи нависандагон калон будани масоҳати он ва аз уҳдаи таъмиру тармими он набаромадани ин созмони эҷодӣ аст.
- Он ҷойро бояд обод кард, инфрасохтори хуб бояд бошад. Аз ин рӯ, бо қарори Ҳукумат ин бӯстонсароро аз мо гирифтанд ва аз ҷойи он як бӯстонсарои майдатар ва муҷаҳҳаз бо тамоми шароит, дар 40 км болотар аз бӯстонсарои пешин доданд,-гуфт Ато Мирхоҷа.
Ӯ дар бораи тартиби гирифтани бӯстонсаро тариқи музояда изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, ки инро ҳукумат ҳал кардааст ва ба онҳо танҳо мактуб омадааст, ки тибқи қарори Ҳукумат бӯстонсарои пешини онҳоро гирифта, аз ҷои дигар бӯстонсарои нав доданд.
Аммо тибқи баъзе иттилооти тасдиқнашуда, бӯстонсарои Иттифоқи нависандагонро наздикони шахсони воломақоми ҳукумат гирифтаанд ва акнун мехоҳанд дар ҷойи он истироҳатгоҳи нави муосири тиҷоратӣ бунёд кунанд.
Гуфта мешавад, ки дар баробар бӯстонсарои Иттифоқи нависандагон, ҳамчунин бӯстонсарои Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистонро, ки дар ҳамин ноҳияи Варзоб ва наздик ба истироҳатгоҳи Иттифоқ нависандагон мавқеият дорад, низ гирифта шудааст. Аммо дар Кумитаи телевизион ва радио ин иттилоъро рад карданд.
Иброҳим Аҳмадов, сухангӯйи Кумита гуфт, ки “ин хабарҳо асос надоранд”.
Бустонсарои Иттифоқи нависандагон дар гузашта яке аз бӯстонсароҳои маъруф ба ҳисоб мерафт ва дар он шоирону нависандагони машҳури кишвар истироҳат кардаанд ва ҳамчунин барои эҷоди асарҳо ба он ҷо барои чанд муддат рухсатии эҷодӣ мерафтаанд.
То замони нашри матлаб, ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, ки ҳақиқати аз сӯйи наздикони шахсони воломақоми ҳукумат гирифтани бӯстонсарои ин созмони эҷодиро дақиқ кунад.
Иттифоқи нависандагон дар замони шӯравӣ яке аз ниҳодҳои муътабари ҷамъиятӣ дониста мешуд. Солҳои ахир, фарҳангиён ва фаъолони ҷомеа ин созмони эҷодиро барои ба сафи он пайвастани нафарони тасодуфӣ ва ҳамчуни надоштани истиқлоли фикриву ибтикори амал дар эҷоди асарҳое, ки баёнгари воқеияти ҷомеаи Тоҷикистон бошад, интиқод мекунанд.
Ин созмон соли 1934 таъсис ёфтааст ва то кунун онро Абулқосим Лоҳутӣ, Саид Носиров, Нодир Шанбезода, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ раҳбарӣ кардаанд ва раиси ҳозираи он Низом Қоисм мебошад, ки даврони дувуми раёсати худро пушти сар мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2024 маълум шуданд
Шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт, ки 2 рӯз баста буд, боз шудааст
Дар Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти ниёзи аввал бо нархҳои дастрас ба кор оғоз карданд
Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи “Russian Judo Tour” бо ду медал баргаштанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хашми подшоҳ бар надими худ”
Боз як бонки байналмилалӣ барои сохтмони “Роғун” $270 млн ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 декабри соли 2024
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста