Ҳукумати Тоҷикистон қароре қабул намуд, ки ба иҷрои фармони президент "Оид ба зиёд шудани ҳаҷми нафақаи категорияи муайяни нафақагироне, ки нафақаи маъюбиятро мегиранд" равона шудааст. Фармон 28 майи соли равон имзо шуд.
Мувофиқи ин қарор, нафақаи маъюбони гурӯҳи I (суғуртавӣ ва нафақаҳои давлатӣ) аз 1 сентябр ба андозаи 50 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда мешаванд.
Нафақаи маъюбон аз овони кӯдакӣ (суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ) ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда мешаванд.
Нафақаи кӯдакони то 18-сола, ки ба онҳо нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ таъин шудааст, низ ба ҳамин андоза (20%) боло бурда мешавад.
Ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҶТ дастур дода шудааст, ки амалигардонии қарори мазкурро аз ҳисоби маблағҳое, ки дар соли 2021 дар буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои таъминоти нафақа пешбинӣ шудаанд, таъмин намояд.
Нафақаҳо дар ин се гурӯҳи маъбон ба андозаҳои зикршуда аз ҳаҷми нафақаи заминавии муқарраргардида бидуни иловапулӣ (доштани мукофотҳои гуногуни давлатӣ ва унвонҳо) зиёд карда мешаванд.
Андозаи нафақаи заминавӣ дар Тоҷикистон айни замон 207 сомонӣ (18 доллар)-ро ташкил медиҳад.
Маъюбони гурӯҳи I, маъюбони гурӯҳи I ва II аз овонӣ кӯдакӣ ва кӯдакони маъюби то 18-сола 100% ва маъюбон аз овони кӯдакӣ - 60% маблағи нафақаи заминавии муқарраршударо мегиранд.
Мувофиқи ин меъёрҳо, нафақаи маъюбони гурӯҳи I аз моҳи сентябр ба андозаи 103 сомонӣ (9,1 доллар), нафақаи маъюбон аз овони кӯдакӣ ва кӯдакони маъюби то 18-сола - 41,4 сомонӣ (3.6 доллар) зиёд мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.