Шумори аҳолии Тоҷикистон то аввали соли равон ба 9 млн 506 ҳазор нафар расид, хабар дода мешавад дар гузориши чанде пеш нашршудаи Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ.
Бино ба маълумоти ин гузориш, шумори аҳолии кишвар тайи 30 соли ахир тақрибан 73% афзуд: аввали соли 1992 ин шумор ба 5 млн 361 ҳазор нафар баробар буд.
Афзоиши аҳолии кишвар дар як сол ба ҳисоби миёна ҳудуди 2,4% ва аҳолии сайёраи Замин дар ин давра - 1,5%-ро ташкил дод. Теъдоди аҳолии ҷаҳон аз 5 млрд 414 млн нафар дар соли 1991 то ба 7 млрд 836 млн нафар дар соли 2021 расид.
Дар ҳамин ҳол, дар солҳои 90-ум, пас аз расидан ба соҳибистиқлолӣ, афзоиши теъдоди сокинони Тоҷикистон нисбатан мӯътадилтар буд ва ба ҳисоби миёна тақрибан 1,6% дар як солро ташкил медод.
Гузашта аз ин, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992-1996), шумори аҳолии ҷумҳурӣ ҳамасола ҳамагӣ ба андозаи 0,7% меафзуд.
Аммо, дар солҳои 2000-ум афзоиши миёнаи солонаи аҳолии кишвар то ба 2,1% (2000-2009) боло рафта, дар даҳсолаи дуюм (2010-2019) аллакай қариб то ба 2,6% суръат гирифт.
Дар соли 2020 шумори аҳолии кишвар 2,1% афзоиш ёфт (зиёдшавӣ 192 ҳазор нафарро ташкил дод).
Аз ҳисоби киҳо зиёд мешавем?
Афзоиши баланди шумори аҳолии кишварро пеш аз ҳама, сокинони деҳот таъмин кардаанд, ки дар солҳои истиқлолият 90% афзудаанд (аз 3 млн 684 ҳазор нафар то ба 7 млн нафар). Шумораи аҳолии шаҳрҳо дар ин давра 49% афзоиш ёфт (аз 1 млн 676 нафар то ба 2 млн 502 ҳазор нафар).
Байни минтақаҳо аз ҳама зиёдтар аҳолии Ноҳияҳои тобеи марказ (ба андозаи 91%) ва вилояти Хатлон (87%) зиёд шудааст.
Шумори аҳолии вилояти Суғд ба андозаи 68%, шаҳри Душанбе - 51% ва ВМКБ - 37% афзудааст.
Афзоиши аҳолии пойтахт ба эҳтимоли зиёд на ба сатҳи баланди таваллуд, балки қисман ба кӯчбандии сокинони минтақаҳо марбут аст.
Ба ин тариқ, то аввали соли ҷорӣ шумори аҳолии вилояти Хатлон 3 млн 425 ҳазор нафар (36% аз шумори умумии аҳолии Тоҷикистон), вилояти Суғд - 2 млн 753 ҳазор (29%), Ноҳияҳои тобеи марказ - 2 млн 215 ҳазор (23%), шаҳри Душанбе - 880,8 ҳазор (9,2%) ва ВМКБ - 231,4 ҳазор нафар (2,4%)-ро ташкил дод.
Сатҳи баланди таваллуд - хуб аст ё бад?
Мувофиқи раддабандиҳои байнулмилалӣ, аз лиҳози шумори аҳолӣ дар аввали ҳамин сол Тоҷикистон байни зиёда аз 220 кишвар ва қаламравҳои ҷаҳон зинаи 94-умро ишғол намуда, байни Маҷористону (9,7 млн нафар) ва Беларус (9,4 млн нафар) қарор дошт.
Агар таносуби масоҳати умумии кишвар ба аҳолиро ба назар гирем, Тоҷикистон ҳатто ба сафи сад кишвари аввали нисбатан сераҳолии ҷаҳон шомил нест (дар ин нишондод дар ҷои 119-ум қарор дорад).
Қаламрави ҷумҳурӣ тақрибан 143 ҳазор километри мураббаъро ташкил дода, ин маънои онро дорад, ки ба ҳар як сокини кишвар 15 ҳазор метри мураббаъ (1,5 гектар қитъаи замин) рост меояд.
Аммо бо назардошти қаламравҳое, ки барои зиндагии доимии инсон мутобиқанд, Тоҷикистон дар қатори кишварҳои бештар сераҳолӣ дар ҷаҳон қарор дорад.
Тақрибан 93%-и қаламрави кишварро кӯҳҳо (релйефи кӯҳӣ) бо баландии зиёда аз 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ташкил медиҳад. Ба ин тариқ, майдони мусоид барои зиндагии доимии инсон ҳамагӣ ҳудуди 10 ҳазор километри мураббаъро ташкил дода, он бар ҳар як сари аҳолӣ ҳамагӣ наздик ба 1050 метри мураббаъ (10,5 сотих) тақсим мешавад.
Бисёре аз коршиносон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки афзоиши аҳолии кишвар бо чунин суръати баланд дар оянда метавонад боиси боз ҳам бештар муҳоҷирати кориро ихтиёр кардани шаҳрвандон гардад.
Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти мақомоти муҳоҷирати Русия, беш аз 1 млн шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд. Дар дигар кишварҳои ҷаҳон низ кору зиндагии шумори начандон зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.