Маъмурияти шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» пуркорбартарин гурӯҳи тоҷикӣ - “Ахбор барои афкор/Информация для размышления”-ро, ки беш аз 75 ҳазор узв дошт, масдуд кард. Дар ин бора, муассиси гурӯҳ, рӯзноманигори шинохта ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Раҷаби Мирзо хабар дод.

Маъмурияти Фейсбук ин гурӯҳро ба фурӯши ҳайвонот ва силоҳ муттаҳам кардаву бастааст, ки ин иттиҳомотро муассиси гуруҳ “хеле хандаовар” медонад.

Ӯ мегӯяд, он чизеро, ки маъмурияти “Фейсбук” пеш меорад, онҳо ба ин корҳо умуман роҳ надодаанд ва маълум аст, ки дар оянда низ роҳ намедиҳанд.

- На ба фурӯши ҳайвонот ва маълум аст, ки на ба фурӯши силоҳ, ки як масъалаи ҳуқуқист, даст назадаем,-мегӯяд Раҷаб.

Номбурда гуфт, ки онҳо ҳоло барои тафтиши дубора ба маъмурияти “Фейсбук” дархост фиристодаанд ва интизор доранд, ки ин ширкат иштибоҳи худро ислоҳ мекунад.

Раҷаби Мирзо ба ин суол, ки оё эҳтимол дорад, ки корбароне аз Тоҷикистон, хусусан корбарони наздик ба ниҳодҳо, шикоятҳои дурӯғин бурда бошанду далели масдуд шудани гурӯҳи шумо шуда бошад, Раҷаби Мирзо посух дод, ки “ҳоло интизори посух ҳастанд ва баъди гирифтани посух, маълум хоҳад шуд, ки кори дасти кист”.

Гурӯҳи “Ахбор барои афкор” моҳи декабри соли 2016  таъсис шуда буд, ки дар ибтидо “Сарду торикӣ” ном дошт ва бештар рӯйи мушкилоти барқу гармӣ дар кишвар баҳс мекард. Баъди ин гурӯҳ тағйири ном кард ва ба баррасии мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва нашри иттилои гуногун дар бораи вазъи имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳон ихтисос ёфт. Мавридҳои ҳалли мушкили ҷомеа, ки дар ин гуруҳ матраҳ шудаанд, низ зиёд аст.

Ҳушдорномаи Фейсбук ба муассиси гурӯҳ

Ин гуруҳ иқдомҳои гуногунеро барои ҷамъоварии маблағ ва ҳалли мушкилоти гуногуни мардуми ниёзманд амалӣ карда. Аз ҷумла, дар давраи оғоз ва идомаи ҳамагирии вируси куруно иқдомоти иҷтимоии гуногунеро гуруҳ роҳандозӣ кард ва маъруфияти онро болотар бурд.

Аз охирин иқдомҳои хабарсози гурӯҳ ин буд, ки барои осебдидагони даргириҳои марзии 28-29-апрел бо Қирғизистон маъракаи ҷамъоварии маблағро пеш гирифт. Аммо баъдтар Раҷаби Мирзо эълон кард, ки ин иқдомро дар нимароҳ қатъ мекунанд, ки аз ВКД ба ӯ ишора шудааст, маблағҳоро ба суратҳисоби Вазорати молия гузаронад.

Қисме аз маблағҳои ҷамовардаро Раҷаби Мирзо ба соҳибонашон бозгардонид ва қисмеро ба суратҳисоби ташкилкардаи Вазорати молия ворез кард, ки хабарсоз ҳам шуд.

Тӯли як соли охир, ин сеюмин гурӯҳи серхонанда дар бахши тоҷикии “Фейсбук” аст, ки аз ҷониби маъмурияти ин шабакаи иҷтимоӣ баста шуд.

Моҳи ноябри соли 2020 “Фейсбук” гурӯҳи “Ман Хуҷандро дӯст медорам”, ки ҳудуди 70 ҳазор аъзо дошт, баст. Маъмурони гурӯҳ гуфта буданд, ки ин шабака онҳоро барои постҳои таблиғотиашон “ҷазо додааст”. Онҳо гуфтанд, ки бастани гурӯҳ муваққатӣ аст, вале бо гузашти беш аз 10 моҳ то ба ҳол ин гурӯҳ баста аст. Ҳамин тариқ дида мешавад, ки маъмурони ин гурӯҳ бо номи пешина гурӯҳи наверо  фаъол кардаанд.

Моҳи июли соли равон, дуввумин гурӯҳи маъруф ва серхонанда дар сегменти тоҷикии “Фейсбук” - “Мы таджикистанцы/ Мо тоҷикистониён”, ки ҳудуди 190 ҳазор аъзо дошт, аз сӯи маъмурияти ин шабака баста шуд. Маъмуриони ин гурӯҳ дар ин масъала бо маъмурияти ин шабака баҳс накарданд ва як гурӯҳи нав бо ҳамин ном боз карданд, ки дар як моҳ қариб 11 ҳазор аъзо ҷамъ овард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.