Чанд рӯзи ахир бозори фуруши матоъву либоси низомӣ ва сехҳои дӯзандагӣ дар вилояти Суғд гарму серодам шудааст. Имсол бори нахуст садҳо нафар аз ҷомеаҳои меҳнатӣ бо шумули занон, ду рӯз пештар аз ҷашни асосӣ, рӯзи 7-уми сентябр  дар шаҳру ноҳияҳо дар паради низомӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ширкат мекунанд, ки бояд низомипӯш бошанд.

Тамринҳо барои паради низомӣ дар маҳалҳо, субҳи 25-уми август оғоз шуд ва дар он ба ҷузъ афсарони эҳтиётӣ, омӯзгорон, тоҷирон, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ ҷалб шудаанд, ки байнашон садҳо занон низ ҳастанд. Ҳарчанд шумори иштирокдорони “маршировка”-ҳо дақиқ нест, вале феълан садҳо нафар дар шаҳру навоҳӣ барои харидориву дӯхтани либоси ҳарбӣ муваззаф шудаанд.

  “Гуфтанд либоси низоми харед”

Як омӯзгори ҷавони яке аз мактабҳои миёна бидуни зикри номаш, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон онҳоро муваззаф кардааст, ки либоси ҳарбӣ харанд. Ӯ мегӯяд, бо ин либоси ҳарбӣ натанҳо омӯзгорони мард, балки даҳҳо нафар омӯзгори зан низ рӯзи 7-уми сентябр соҳаи маорифро дар паради асосии ҳарбии ин шаҳр муаррифӣ мекунанд.

“Барои мо омӯзгорон шуъбаи маорифи шаҳр матоъ хариду либоси низомӣ дӯхт. Маҷбур ба маблағи 130 сомонӣ харидем. Гуфтем аз бозор гирем, не гуфтанд, мегӯянд матоъи харидаро мо куҷо сарф мекунем. Муаллимони зан ҳам бо либоси низомӣ дар парад ширкат мекунанд”,-мегӯяд ин омӯзгор.

Ба ҷузъ омӯзгорон, дар чанд шаҳру ноҳияи вилояти Суғд тоҷирони мағозаҳоро низ ҳукуматҳои маҳаллӣ уҳдадор кардааст, либоси низомӣ дӯзанду дар гузашти низомӣ иштирок кунанд. Чанд нафар тоҷирони мағозаҳо ва омӯзгорону кормандони хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар ноҳияҳои Ашту Деваштич низ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфтанд, бо дастури ҳукуматҳои маҳаллӣ матоъ хариданду ҳоло либоси ҳарбӣ медӯзанд.


“Ин дастури мо нест, ташаббуси худи ҳукумат аст”

Ташвишу тараддуди омӯзгорон дар ҳама шаҳру ноҳия дар ҳоле гарм аст, ки Раёсати маорифи вилояти Суғд аз ин кор изҳорӣ бехабарӣ кард. Як манбаъ аз ин ниҳод гуфт Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Раёсати маорифи вилоят дар ин  бора дастуре надодаанд.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 9-уми сентябр дар чорабиниҳои асосии ҷашнии вилоятӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд барпо мешавад, расман 600 нафар омӯзгору хонандагони мактаб бо либоси ягонаи мактабӣ, дастоварди 30 соли соҳаи маорифро дар роҳпаймоӣ муаррифӣ мекунанд, ки барои онҳо либоси ҳарбӣ тавсия нашудааст.

Манбаъ афзуд “пӯшидани либоси ҳарбӣ дар шаҳру ноҳияҳо шояд ташаббуси худи ҳукуматҳои маҳаллӣ аст.”

Нурмуҳаммад Мирзоев, сардори шӯъбаи маорифи шаҳри Гулистон таъйид кард, ки 100 нафар омӯзгорои марду зан бо либоси ягонаи низомӣ дар гузашти низомии ин шаҳр ширкат мекунанд.

“Мо омӯзгорон дар канор буда наметавонем, бояд, ки аз ҳамаи соҳаҳо дар шаҳри Гулистон 1000 нафар дар паради низомӣ роҳпаймоӣ кунанд. Ҳарчанд омӯзгорон низомӣ нестанд, аммо пӯшидани либоси ҳарбӣ ба хотири нишон додани неруи афсарони эҳтиётӣ аст, дигар ҷизе нест”, -гуфт ӯ.

“Бозори матоъи низомӣ серхаридор шуд”

Ин шабу рӯз тиҷорати фурӯши матоъи низомӣ дар бозори маъруф ба “Атуш” ва чанд корхонаи истеҳсолӣ дар Хуҷанду шаҳрҳои дигар гарм аст.  Фурӯшандагон мегӯянд, бори нахуст мебинанд, ки матоъҳои низомии чинӣ дар баробари матои ватанӣ имрӯз серхаридор шудааст.

Барои як либоси низомӣ то се метр матоъ сарф мешавад, ки навъи чинӣ аз 15 то 20 ва навъи ватанӣ 30 сомонӣ ва зиёдтар аз он арзиш дорад. Корафтодагон мегӯянд, бештар аз корхонаҳои ватанӣ матои низоми хушсифат мехаранд ва дар сурати пайдо нашудан ба бозор рӯй меоранд.


Илёс як фурӯшандаи яклухти матоъ дар бозори “Атуш” мегӯяд, ки ин ҳафта савдои бисёр хубе доштаанд.

“Дӯзандаҳои давлатӣ, ки либоси низомии бисёр дӯхтаанд, назди мо омада чанд намуна гузоштанд ва аксҳоро нишон дода гуфтанд, касе пурсад  бигӯед либос ҳаст. Як либоси низомӣ 280, 320 ва 350 сомонӣ нарх дошт. Аз ҷамоатҳо ва омӯзгорон омаданд, ба онҳо гаронӣ кард, нахариданд, баъдан аз мағозаи мо гирифта рафтанд. Ҳоло аз матоъҳои чинӣ, шояд то 150 сомонӣ пуррабарои як либос масраф шавад”,-гуфт ин фурӯшанда                                

 Раисони ҷамоатҳо дар бозор

Атҳам Юсупов, раиси маҳаллаи Шӯрои деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштичро дар бозор ҳангоми ҷустани як навъ матоъи низомӣ вохӯрдем, ки мегӯяд дар дигар ҷо тамом шудааст. Ӯ гуфт, бояд 150 кас дар ин деҳа либоси якхелаи низомӣ пӯшад, вале матоъе, ки қаблан барои дӯхтан харида буд тамом шуд ва ҳоло дар бозор намеёбад. Раиси маҳал таъкид кард, ки дар баробари мардон 50 нафар зан низ бо либоси ҳарбӣ роҳпаймоӣ мекунад.

Дар деҳаи мо ба ҷуз омӯзгорону кормандони ҳукумат, соҳибкорон ва роҳбарони хоҷагии деҳқонӣ либоси низомӣ дӯхта истодаанд. Маблағи ин матоъ аз ҳисоби роҳбарони хоҷагӣ ва соҳибкорон аст. Ин ягон фармон нест, ташаббуси худи аҳли ҷамоат аст, ки мо бояд истиқлолиятро хуб гузаронем”,-мегӯяд ин раиси маҳалла.

Раиси  ҷамоати Навгилеми Исфара Аҳмадхоҷа Ҳабибуллозода, низ барои харидории матоъи низомӣ ба бозори “Атуш” омад ва дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт маблағи матоъро соҳибкорони исфарагӣ аз Русия гуфтаанд мефиристанд. Вай мегӯяд, бо ташаббуси худ дар сехи дӯзандагии ҷамоат барои 350 нафар либоси низомӣ таҳия карда истодаанд ва дар гузашти низомӣ “блокҳо” бояд рангоранг шавад. Ӯ гуфт як метри матоъро ба қимати 16 сомонӣ харид ва либосҳои омодашударо баъди паради ҳарбӣ бозпас мегиранд ва дар машқҳои ҳарбиву чорабиниҳои дигар боз ба мардум медиҳанд.

“Фармоишҳо беҳад бисёр аст, дастамон намерасад”

Мақомотҳои маҳаллӣ дар ҳоле аз бозорҳо матоъҳои гуногуни ҳарбӣ меҷӯянду мехаранд, ки дар сехҳои дӯзандагӣ навбат намерасад. Ба гуфтаи Гулчеҳра Ҳоҷираҳимова, сардори сехи дӯзандагии “Алёнка” дар шаҳри Хуҷанд тайи як ҳафтаи охир серкор аст ва даҳҳо нафар аз ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо ба ӯ фармоиш медиҳанд. Ӯ асосан либоси низомии ниҳодҳои интизомиро медӯзад, вале ҳоло бар пайи зиёд шудани дархости ҳукматҳои маҳаллӣ, маҷбур аст фармоиши бештари онҳоро қабул кунад.

“Фармоишҳо барои пешвози ҷашни истиқлолият беҳад бисёр то қадри имкон дӯхта истодаем, он фармоишҳое, ки наметавонем рад карда истодаем. Дар баробари ниҳодҳои низомӣ, ҳоло бештар ҳукуматҳо низ либоси низомӣ дӯзонда истодаанд, пештар чунин фармоиш намекарданд. Аз Исфара, Конибодом, Мастчоҳ, Ашт, то ҳатто аз Панҷакент омаданд. Илтимос мекунанд, маҷбур фармоишро мегирем”.

 

Дар бозору сехҳои дӯзандагии вилояти Суғд ташвишҳои раисони маҳаллаву ҷамоатҳо зиёд аст ва ҳамаи онҳо бояд то рӯзи 7-уми сентябр либоси низомиро харидву дӯхтаву дар гузашт ё парад бо лисбоси низломӣ ширкат кунанд. Ташвише, ки ҳама масрафи он аз ҳисоби шахсии худи омӯзгорону онҳоест, ки дар ин гузашт ширкат меварзанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.