Шаҳрдории Исфара ба хонаводаи 10 шаҳиди даргириҳои марзии рӯзҳои 28-29-уми апрел замин додааст. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Исфара хабар додааст.

Манъба гуфтааст, ки ин кор бо дастури раисҷумҳур сурат гирифта, ҳадафи аслии он ҳимоят ва дилҷӯйӣ аз хонаводаҳои шаҳидон аст. 

"Қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба 8 оила аз ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, 1 оила аз ҷамоати деҳоти Воруху 1 оила аз ҷамоати деҳоти Сурх дода шуда, инчунин дар ин радиф варзишгари номӣ Муҳаммадхӯҷа Ёқубов ва 2 оилаи камбизоат низ бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз шаҳри Исфара таъмин карда шуданд", - хабар медиҳад манбаъ

Шаҳрдории Исфара мегӯяд, ки вазъи хонаводаҳои шаҳидони даргириҳои марзӣ ва раванди таҳсили фарзандони онҳо ҳамеша зери назари ҳукумат аст. .

Тоҷикистон ба хонаводаи зарадидагон ва шаҳидони даргириҳоии марзӣ бо Қирғизистон ёриҳои фаврӣ расонид ва ба ҳамаи онҳое, ки хонаҳояшон дар ин даргириҳо осеб дида буданд, хона сохту ҳадя кард. Ҳамчунин ба хонаводаи ҳамаи шаҳидон давлат 70 ҳазор сомонӣ ёрии молӣ дод. Ба ҷуз давлат, соҳибкорон ва ниҳодҳои дигари давлативу иҷтимоӣ низ ба ин хонаводаҳо ёриҳои моливу модддӣ расониданд.

Дар даргириҳои марзии ахир аз Тоҷикистон 19 нафар кушта шуд ва ҷониби Қирғизистон қурбониёни худро 36 нафар эълон кард.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.