Ахиран расонаҳои русӣ хабар доданд, ки як тайёраи низомии Русия рӯзи 25-уми август шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Афғонистон берун кашидааст ва ба фурудгоҳи низомии Айнӣ, дар канори шаҳри Душанбе овардааст. Вале гуфта нашудааст, ки дар ин тайёра чанд шаҳрванди Тоҷикистон аз Кобул берун кашида шудааст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ба масъалаи берун кашидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Афғонистон сафорати кишвар дар Кобул машғул аст.
Аз Сафорати Тоҷикистон дар Кобул ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки тамоми маълумоти лозим дар мавриди шумораи шаҳрвандони ниёзманд ва дигар иттилоъро ба вазорат расонидаанд ва аз он ҷо бигиред.
Бино ба маълумоти Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон то кунун 30 шаҳрванди Тоҷикистон барои берун шудан аз Кобул муроҷиат кардааст, ки 22 нафари онҳо рӯзи 25-уми август дар ҳамкорӣ бо Сафорати Русия дар Кобул ба Тоҷикистон оварда шуданд.
Дар ин раёсат мегӯянд, ки шаҳрвандоне, ки ҳоло дар Кобул боқӣ мондаанд ва шаҳрвандони дигаре, ки муроҷиат мекунанд, баъди дуруст кардани санадҳои зарурӣ барои сафар ,дафъаи дигар ба ватан оварда мешаванд.
Аз Сафорати Тоҷикистон дар Кобул дар тамоси телефонии рӯзи 26-уми август ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки онҳо кор мекунанд ва дари сафорат барои ёрӣ ба ниёзмандон боз аст.
Вазорати корҳоии хориҷии Тоҷикистон низ мегӯяд, ки сафорати мо дар Кобул фаъол аст ва шаҳрвандон метавонанд барои ёрӣ муроҷиат кунанд.

Бархе аз корафтодагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки хиёбонҳои наздик ба сафорат аз сӯйи ҷангҷӯёни “Толибон” таъмини амният мешавад ва онҳо касеро барои наздик шудан ба сафорат намегузоранд.
Вазорати корҳои хориҷӣ шумораи иловагии телефонро барои тамоси шаҳрвандон дар Кобул бо саффорат пешниҳод мекунад ва мегӯяд, ки шаҳрвандон бояд бо ин шумора тамос бигиранд - +937723838.
Шумораҳо ва василаҳои дигари тамоси сафорати Тоҷикистон дар Кобул, ки сайти Вазорати корҳои хориҷӣ барои корафтодагон пешниҳод кардааст:
Сафири Фавқулода ва Мухтор - Шарифӣ Саъдӣ:
Суроға: ш. Кобул, кӯчаи Вазир Акбархон Сараки 15, хонаи 121
Тел: +93 784098355; Е-mail: [email protected]; Web: mfa.tj/kobul
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Манбаъ: Нархи нобудсозии мошинҳо то 16 ҳазор сомонӣ боло меравад
Душанбе ва Тошканд дар Помир корҳои иктишофи геологӣ мегузаронанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста