Фонди Оғохон (AKF) ва Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID), тавассути барномаи муштараки “Шукуфоии Точикистон: шарикӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ”, расман шабакаи оби нӯшокии нав ва ҳоҷатхонаро дар муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ифтитоҳ намуданд.

Тариқи шабакаи оби нушокӣ зиёда аз 448 нафар одамон дар деҳаҳои Медон ва Савир ба оби тоза ва бехатар дастрасӣ пайдо намуданд. Ҳоҷатхонаи мактаб бошад, дорои ҷойҳои алоиҳида барои мардон ва занон, дастрасии зиёда аз 434 нафар хонандагон ва омӯзгорони мактабро ба беҳдошти зарурӣ беҳтар намуд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи сафари кории худ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинӣ ширкат намуданд.

Ноҳияи Роштқалъа дар водии куҳистон воқеъ дар канори дарё дар масофаи 40 километр аз маркази вилоят шаҳри Хоруғ ҷойгир аст. Тақрибан 64 дарсади аҳолии деҳаҳои Медон ва Савир қаблан ба оби ошомидании бехатар дастрасӣ надоштанд ва ҳоҷатхонаи муассисаи таълимии рақами 26 дар ҳолати номусоид қарор дошт ва ба талаботи беҳдошт ҷавобгӯ набуд.

Фонди Оғохон ва Агентии Оғохон оид ба макони зист (AKAH) бо ҳукумати ноҳия ва ҷомеаи маҳаллӣ барои ҳаллу фасл намудани ниёзҳои мазкур, тавассути сохтмони шабакаи оби нушокии нав, ки бо обченкунакҳо муҷаҳаз аст ва манбаъи оби он бошад аз чашмаи куҳӣ маншаъ мегирад, ҳамкорӣ намуд. Инчунин иншооти замонавии беҳдошт, ҳоҷатхонаи обдор бо ҷойҳои алоҳида барои мардон ва занон бунёд карда шуд.

Бо мақсади таъмини пойдори он, ҳукумати ноҳия Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии Манзилию Комуналиро барои назорат ва нигаҳдории шабакаи оби нушокӣ муваззаф намудаст.

Хоҷагиҳо, муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ маблағи обро бар асоси тарофаи муқарраршуда пардохт мекунанд. Лоиҳа инчунин чорабинии таблиғотии ҷомеаро нисбати баланд бардоштани фаҳмиш ва ташвиқи тағйироти рафтор, ки боиси беҳбуди таҷрибаҳои беҳдошт мегардад, оғоз намуд. 

Шукуфоии Точикистон: шарикӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, барномаи панҷсола (2018-2023) мебошад, ки ҳадафи он такмил додани рушди ҳамгироии иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳудуди 16 ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ. Дар ҳоли ҳозир, бо кумаки Фонди Оғохон ва USAID, барномаи “Шукуфоии Тоҷикистон” шабакаҳои оби нушокӣ ва ҳоҷатхонаҳои мактабиро дар ноҳияҳои Ҳамадони, Панҷ ва Роштқалъа сохта ба истифода дод, ки тариқи он 5,506 нафар ба оби тоза ва 1,767 нафар ба беҳдошти хуб, дастрасӣ пайдо намуданд

Дар бораи USAID: Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ нахустин оҷонсии байналмилалии рушд дар ҷаҳон мебошад ва яке иштирокчиени калидие ба хисоб меравад, ки масоили рушдро пеш мебарад. Аз соли 1993 инҷониб, USAID бо Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади мустаҳкам намудани идоракунии муносиб, ривоҷ бахшидан ба рушди иқтисодӣ, беҳтар сохтани соҳаҳои маориф, тандурусӣ, амнияти озуқаворӣ ва мусоидат ба иртиботҳои иқтисодии минтақавӣ шарокат барпо намудааст. Барои маълумоти иловагӣ, нигаред ба сомона ва саҳифаи Фейсбуки USAID/Тоҷикистон:

Дар бораи Фонди Оғохони ИМА:  Фонди Оғохон бо ҷомеаҳо, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, корхонаҳо, ҳукуматҳо ва раисони маҳаллӣ барои сармоягузории дарозмуддат, бунёди муассисаҳои доимӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ шарик аст. Кори ташкилот ба баланд бардоштани сифати зиндагӣ ва шикастани давраи камбизоатӣ равона шудааст.

Дар тӯли 50 сол, Фонди Оғохон дар ҳар ҷое, ки фаъолияти худро анҷом медиҳад, асосан дар Осиё ва Африқо, барои манфиати умумии ҳамаи шаҳрвандон, новобаста аз ҷинсият, ирсият ва мазҳаб, кор мекунад. Фонди Оғохон яке аз хадамотҳои Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) мебошад, ки яке аз шабакаҳои пешрафтаи ҳалли камбизоатӣ дар ҷаҳон мебошад, ки онро Аълоҳазрат Оғохон таъсис додааст.

AKDN ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии даҳҳо миллион нафар одамон дар 30 кишвар ҳамасола кӯмак мекунад. Равишӣ ҳамгирои бисёрсоҳавии AKDN ба масъалаҳои рушд ба таҷрибаи даҳсолаҳо, омӯзиш ва арзёбӣ асос ёфтааст. Барои маълумоти иловагӣ дар бораи дастгирии AKF, ба сомонаи www.akfusa.org ташриф оред.

Филиали “Агентии Оғохон оид ба макони зист” (AKAH): AKAH имкониятҳои Фокуси кӯмаки башардӯстона, Хадамоти Банақшагирӣ ва Сохтмони Оғохон ва ташаббуси идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ AKDN, диққати асосиро ба омодагӣ ба офатҳои ногаҳонӣ ва шиддатнок равона мекунад.  

AKAH фаъолияти худро барои таъмин намудани бехатарии зиндагии одамон дар макони зист, ки то ҳадди имкон аз таъсири офатҳои табиӣ эминанд, ҳолати омодагӣ ва посухдиҳӣ ба офатҳои табиӣ аз ҷониби сокиноне, ки дар минтақаҳои хатарнок зиндагӣ мекунанд ва инчунин шароити дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосӣ, ки имкониятҳои васеъ ва сифати беҳтарини ҳаёт оварда мерасонанд, роҳандозӣ мекунад. Дар мадди аввал, нуқтаҳои афзалиятноки AKAH Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Покистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҳиндустон ба шумор мераванд.

Маълумоти дигар дар бораи AKAH аз сомонаи агентӣ қобили дарёфт аст: http://www.akdn.org/our-agencies/aga-khan-agency-habitat