Аз 1 октябр ВКД Русия ба ихроҷи муҳоҷироне, ки мақоми қонунии ҳузури худро дар Русия танзим накардаанд, ҳуқуқ пайдо мекунад.
Нашрияи Коммерсант бо истинод ба сардори Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия Валентина Казакова менависад, имрӯз моратория ба ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба охир мерасад.
"Барои категорияи шаҳрвандони хориҷӣ, ки пас аз 30 сентябр дар ҳолати ғайриқонунӣ қарор мегиранд, меъёрҳои Қонуни федералии 115 татбиқ карда мешаванд, ки мутобиқи он, ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати андешидани чораҳои маъмурӣ то ихроҷ аз қаламрави Русия имкон медиҳад”, - гуфтааст Казакова зимни нишасти матбуотӣ.
Ба иттилои Валентина Казакова, айни замон бо шумули муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳудуди 7 млн муҳоҷир дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, зиёда аз 1 млн нафар, ки замони пандемия дар Русия монда буданд, мақоми ҳуқуқии худро танзим кардаанд.
Моҳи апрели соли гузашта президенти Русия Владимир Путин дар робита ба пандемия ва баста шудани сарҳадҳо, бо фармони худ муҳлати ҳузури муваққатии муҳоҷиронро тамдид кард.
Ҳангоми амали моратория ба шаҳрвандони хориҷӣ лозим набуд, ки ҳуҷҷатҳои худро дар бораи иқомати муваққатӣ (аз ҷумла раводид) дар Русия нав кунанд. Шартҳои бақайдгирӣ дар ҷои будубош, инчунин шартҳои истиқомати муваққатӣ ва доимӣ (аз ҷумла тамдиди иҷозатномаи зист) амал намекарданд.
Муҳлати амали ин фармон 15 июни соли 2021 ба охир расида, аммо Владимир Путин онро то 30 сентябр тамдид кард. Роҳбари Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия Валерий Фадеев ба "Коммерсант" гуфтааст, мораторий ба ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Русия метавонад пас аз 30 сентябр тамдид карда шавад. Инро чанд манбаи ҳукумат низ тасдиқ кардаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.