Ширкати ҳавопаймоии Utair-и Русия парвозҳои доимиро бо хатсайри Сургут-Хуҷанд-Сургут аз сар гирифт. Моҳи ноябр роҳандозии боз як хатсайр ба нақша гирифта шудааст.
Дар торнамои ширкати ҳавопаймоӣ иттилоъ дода мешавад, ки парвоз бо ин хатсайр ҳоло танҳо ҳафтае 1 маротиба анҷом дода мешавад: аз Сургут – рӯзҳои чоршанбе соати 19:00 ва аз Хуҷанд – рӯзҳои панҷшанбе – соати 00:10.
Гуфта мешавад, шурӯъ аз 1 ноябр ширкати ҳавопаймоӣ роҳандозии боз як хатсайри дигарро ба ин самт ба нақша гирифтааст: аз Сургут – рӯзҳои ҷумъа соати 20:00 ва аз Хуҷанд – рӯзҳои шанбе соати 01:10.
“Хатсайри мустақим ба Тоҷикистон барои сокинони минтақа лозим буда, аз ин рӯ, пас аз барқарор шудани алоқаи ҳавоӣ байни давлатҳо мо парвозҳоро бо ин самт ба ҷадвал баргардонида, барои шароити мусоид фароҳам овардан ба мусофирон, шумори парвозҳор зиёд мекунем”, - шарҳ додааст ин тасмимро президенти «Utair — Пассажирские авиалинии» Олег Семёнов.
Пас аз барқарор шудани хатсайрҳои доимӣ ва афзоиши шумори парвозҳо айни замон аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 шаҳри Русия сафар кардан имконпазир аст.
Ҳамчунин дар муқоиса бо моҳҳои пешин феълан арзиши билет ба хатсайрҳои ҳавоӣ ба таври назаррас поин рафт. Маълумоти муфассал доир ба хатсайрҳо ва арзиши билет ба онҳо дар ин маводи мо қобили дарёфт аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.