Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба аёдати оилаҳои шаҳрвандоне рафт, ки дар ҷараёни муноқишаи мусаллаҳонаи моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳалок шуданд ё ҷароҳат бардошта буданд.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” Зубайдулло Шомадов, сухангӯи раиси шаҳр иттилоъ дод, Баҳоваддин Баҳодурзода дар ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва деҳаи Хоҷаи Аъло бо шароити зисту рӯзгори 20 оила аз наздик шинос шуд.
Ба гуфтаи манбаъ, зимни суҳбат раиси шаҳр ба волидони онҳо барои тарбияи фарзандони ҷасуру шуҷоъ изҳори миннатдорӣ кард.
“Ба оилаҳо хӯрокворӣ кумк шуда, ба кӯдакон туҳфаҳои солинавӣ тақдим шуданд. Раиси шаҳр хотиррасон намуд, ки дарҳои кабинети ӯ барои онҳо ҳамеша боз аст”, - иброз дошт Шомадов.
Котиби матбуотӣ зикр кард, ки раиси Исфара ба раисони ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Сурх дастур дод, ки мудом аз шароити зисту рӯзгори ин оилаҳо хабардор шуда, дар вақти зарурат ба онҳо кумак кунанд.
Ёдрас мекунем, ки охири моҳи апрели соли 2021 бар асари муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳар ду ҷониб 55 нафар кушта ва ҳудуди 300 кас ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Даҳҳо манзил ва дигар иншоот тахрибу осеб диданд.
Қобили зикр аст, ки раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода дар ҳамин муноқиша ах китфаш захмӣ шуда буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.