Имсол ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли кишвар ва 25-солагии "Азия-Плюс" мо ҷоизаи мусиқавии худ Суруди солро эҳё кардем. Акнун номи он Tarona Music Award.
Маросими ҷоизасупорӣ 11 декабр баргузор шуд. Дар саҳнаи "Кохи Суруш" маъруфтарин ситораҳои эстрадаи тоҷик бо суруду оҳангҳое, ки шунавандагони радиои "Азия-Плюс" дӯст доштанду пазируфтанд ва аз озмуни мо ҷоиза бурданд, ҳунарнамоӣ карданд: Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Ҷонибек Муродов, Нигина Амонқулова, Мино, Мехрнигори Рустам, Сафармуҳаммад, Мадина Ақназарова, Мубориз Усмонов, Чоршанбе Аловатов, «Авесто», «Шамс», «Парем», Хуҷастаи Мирзовалӣ, Дамирбек Олимов, Валидҷон Азизов.
Ибтикори баргузории маросимро яке аз бузургтарин бонкҳои кишвар - "Ориёнбонк" дар рӯзҳои нахустин пуштибонӣ кард ва шарики кулли маросим ҳам имсол 30-солагияшро ҷашн гирифт!
Шарики расми ширкати Мармарӣ, шарики зебоишиносӣ ширкати - Promoitalia Dushanbe, шарики вижа - Тоҷик Кристалл, шарики бимавӣ - Асри 21, шарики сармоягузор - Fiftyfive Group, шарики дилпазир - Impero Home, шарики саломатӣ - оби ReO шуданд, масъулияти таъмини амниятро «Барс» ба дӯш дошт, шарики нерумандӣ - @Alhadaya Tajikistan, шарики Маросим – Sooroosh Media ва меҳмондори мо – Ресто-клуб LOFT буданд.
Мо шоҳиди вокунишҳои бисёр хубу мусбат аз касоне шудем, ки дар консерти мо ҳузур пайдо карданд ва ҳамчунин суолҳои зиёд аз касоне дода шуд, ки мехостанд дар маросими мо ширкат кунанд, вале натавонистанд.
Аммо ҳоло шаби Соли нав аст ва шумо метавонед ин ҳама сруду таронаҳо ва иҷроҳои бошукуҳро бинанда бошед!
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста