Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз сокинони пойтахт даъват ба амал овард, ки дар маъракаи эмкунӣ аз коронавирус фаъол бошанд, то ки худашон ва наздиконашонро ҳифз кунанд. Дар ин хусус раиси пойтахт дар ҷаласаи шаҳрдорӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2021 изҳори назар намуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.
“Дар ин робита Рустами Эмомалӣ аз сокинони шаҳр даъват ба амал овард, ки дар маъракаи ваксинзанӣ фаъол бошанд, то ки худ ва аъзои оилаашонро эм гузаронида, ба ин васила саломатии наздикон ва аҳли ҷомеа ҳифз карда шавад”, - зикр мешавад дар хабар.
Гуфта мешавад, ба сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки аз моҳи феврали соли 2022 эмкунии навбатӣ ва пурраи сокинонро оғоз карда, дар баробари ин, корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ вусъат бахшанд.
“Соли сипаришуда бо мақсади пешгирӣ кардани пандемияи коронавирус 1,5 млн воя ваксина ворид карда шуд ва то имрӯз 725 ҳазор нафар сокинони шаҳр, ки 100 фоизи гурӯҳи мақсаднокро ташкил медиҳанд, эм карда шуданд”, - зикр мешавад дар хабари шаҳрдорӣ.
Қобили зикр аст, ки дар доираи механизими ҷаҳонии COVAX ба сифтаи кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон зиёда аз 8 млн вояи ваксинаи зидди коронавирус ворид карда шуд.
Бари эмкунии аҳолии Тоҷикистон аз ваксинаҳои зерин истифода мешавад: CoronaVac, AstraZeneca, Pfaizer, Moderha ва Спутник V.
Бино ба маълумоти Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ, айни замон дар кишвар 68,6% вояи аввали ваксина ва 57% - вояи дуюми онро гирифтаанд.
Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, ҳолати ахири ошкор шудани сироят аз коронавирус дар Тоҷикистон 12 сентябри соли 2021 ба қайд гирифта шуд.
Бино ба маълумоти расмӣ, аз оғози пандемия дар саросари ҷумҳурӣ ҳамагӣ 17 ҳазору 95 ҳолати сироят аз вирус сабт шуда, 16 ҳазору 966 нафар шифо ёфтанд ва 124 нафар аз ин беморӣ фавтиданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.