Идораи беҳдоштии Русия ё “Роспотребнадзор” ширкати ҳавопаймоии “Сибир”-и Русияро бо далоили бидуни ташхиси тиббии коронавирус аз Тоҷикистон ба Русия интиқол додани мусофирон ба маблағи тақрибан 3 ҳазор сомонӣ (20 ҳазор рубли русӣ) ҷарима кардааст. Дар ин бора сомонаи расмии Хадамоти беҳдоштии Русия дар шаҳри Нижний Новгород хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки додгоҳи ҳакамӣ ё арбитражӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани ширкати ҳавопаймоии «Сибир»-ро тибқи қисми 1 моддаи 14.4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия қонунӣ эътироф кардааст.
“Қаблан, масъулини Идораи “Роспотребнадзор” дар вилояти Нижний Новгород дар ҷараёни назорати санитарию карантинӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро бидуни ҳуҷҷати тиббии тасдиқи гузариши ташхиси лабораторӣ барои “COVID-19” бо усули ПСР-тест муайян карданд, ки тавассути ширкати ҳавопаймоии «Сибир» омада буданд”, - менависад сомонаи хадамоти мазкур.
Гуфта мешавад, ки қонуншикании ошкоршуда барои оғоз кардани парвандаи маъмурӣ асос шуда, 20 ҳазор рубл (2 ҳазору 950 сомонӣ) ҳамчун ҷарима ситонида шудааст.
Раҳбарияти ширкати ҳавопаймоӣ бо ин қарор розӣ набуда, аз болои он ба Додгоҳи ҳакамии вилояти Новосибирск шикоят бурд. Аммо додгоҳи ҳакамӣ ин қарорро бетағйир гузошт ва шикояти ширкати ҳавопаймоии “Сибир” қонеъ нашуд.
Гуфта нашудааст, ки ширкати ҳавопаймоӣ бидуни ташхиси ПСР-тест аз Тоҷикистон бо кадом хатсайр мусофиронро интиқол додааст.
Ёдовар мешавем, ки шахсоне, ки ба Русия сафар мекунанд, бояд хулосаи муассисаи тиббӣ бо забони русӣ аз рӯйи натиҷаҳои ПСР-тест дар бораи сироят надоштан аз коронавирусро бо худ дошта бошанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста