Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон қарори ҳукуматро “Дар бораи ба дигар рӯзҳои кории соли 2022 гузаронидани рӯзҳои истироҳат” шарҳ доданд. Мувофиқи ин қарор, соли 2022 рӯзи 5 март (шанбе) корӣ эълон шуда, рӯзи истироҳат ба душанбе, 7 март гузаронида мешавад. Ба ин тариқ, рӯзи 19 март (шанбе) корӣ шуда, истироҳат дар ин рӯз ба 25 март (ҷумъа) гузаронида мешавад.

- Ин имкон медиҳад, ки пай дар пай омадани рӯзҳои корӣ ва истироҳати ҳафта вобаста ба рӯзҳои ид - 8 март ва 21-24 март, ки тибқи қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” муқаррар шудаанд, таъмин карда шавад”, - шарҳ медиҳад Вазорати меҳнат.

Ин ниҳод ҳамчунин зикр мекунад, ки тағйирёбии рӯзҳои корӣ ва истироҳат ба кормандоне дахл хоҳад дошт, ки ҳафтаи кории онҳо 5 рӯзро ташкил медиҳад.

Дар сурати пайдо шудани саволу нофаҳмиҳо доир ба ин масъала ташкилоту корхонаҳо метавонанд ба шахси масъули Вазорат бо рақами телефони 2-36-89-27 муроҷиат кунанд.

“Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат – рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар низ истироҳат эълон мешавад”, - шарҳ дод ба “Азия-Плюс” ин масъаларо як манбаъ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қонун дар бораи рӯзҳои ид, соли 2022 дар Тоҷикистон зиёда аз 70 идҳои гуногун бо шумули идҳои байнулмилаливу касбӣ, давлатӣ ва динӣ ҷашн гирифта мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.