Соли 2021 ба иқтисоди Тоҷикистон аз ҳама бештар Чин сармоягузорӣ кард, ки маблағи он дар як сол 210 млн долларро ташкил медиҳад.

Дар идома Туркия - 25 млн, Швейтсария - 21 млн, Фаронса - 19 млн, Кипр - 10 млн ва Британияи Кабир - 6 млн доллар қарор доранд, хабар дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Саъдӣ Қодирзода.

Ба иттилои вай, вуруди сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон 1,7 баробар афзуда, зиёда аз 700 млн долларро ташкил додааст, ки 280 млн бештар нисбат ба соли пешин (соли 2020) аст.

Зимнан зикр шуд, ки дар баробари ин ҳаҷми сармоягузории мустақим 2,1 баробар зиёд шуда, 340 млн долларро ташкил додааст.

Саъдӣ Қодирзода
Сурат: Asia-Plus

Ба қавли раиси Кумита, сармоягузориҳои мустақим ба бахшҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок - 56,9%, саноати коркард - 9,9%, сохтмон - 2,1% ва дигар соҳаҳо - 31,1% равона шудааст.

Қодирзода зикр кард, ки айни замон дар кишвар 78 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 42 млрд сомонӣ (зиёда аз 3,7 млрд доллар) амалӣ мешавад, ки аз ин миқдор то ин дам 5 млрд сомониаш азхуд шудааст.

Аз ҷумла 160 млн доллар ба таъсиси корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, гармхонаҳои инноватсионӣ, истеҳсоли гӯшт ва коркарди канданиҳои фоиданок равона шуда, боз дар 6 лоиҳа таъсиси корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ва масолеҳи сохтмон пешбинӣ шудааст. Амалисозии лоиҳаҳои мазкур таъсиси 3500 ҷойҳои нави кориро таъмин мекунад.

Соли 2021 барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок бо шарикони рушд ба маблағи зиёда аз 6 млрд сомонӣ созишномаҳо ба имзо расидаанд, ки 80%-и онҳоро грантҳо ташкил медиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.