Бино ба маълумоти Вазорати умури дохилии Русия, соли 2021 шумори рекордии тоҷикистониён - 103 ҳазору 681 нафар шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли гузашта шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба шиносномаи Русия соҳиб шудаанд, дар муқоиса бо соли 2020 (63 ҳазору 681 нафар) ба миқдори 63,5% афзудааст.
Агар теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ба соли тақвимӣ тақсим шавад, ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 288 тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шудаанд.
Ҳамчунин тибқи ҳисоботи ВКД Русия, 96,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар ин кишварро доранд. Ин маънои онро дорад, ки ба наздикӣ онҳо ҳам эҳтимол шаҳрванди Русия шаванд. Боз 47 ҳазору 46 тоҷикистонӣ Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) дар Русияро доранд, ки қадами аввал ба соҳиб шудани шаҳрвандии Русия мебошад.
Ба сурати умум, соли гузашта 735,4 ҳазор хориҷиён шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Дар панҷгонаи аввали кишварҳое, ки сокинони онҳо шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, Тоҷикистон дар зинаи дуюм қарор дорад.
Дар зинаи аввал Украина ҷой гирифтааст, ки 375 ҳазору 989 нафар сокинони ин давлат ба шаҳрвандии Русия соҳиб шудаанд. Соли гузашта ба 49 ҳазору 862 шаҳрванди Қазоқистон (зинаи 3-юм), 46 ҳазору 931 шаҳрванди Арманистон ва 31 ҳазору 867 шаҳрванди Ӯзбекистон низ шаҳрвандии Русия дода шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Табибони тоҷик бори нахуст бидуни буриш майнаи сарро ҷарроҳӣ кардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2025
Тағйироти кадрии нахустин дар соли 2025. Раиси шаҳри Конибодом ва 5 шаҳру навоҳии дигар нав шуданд
“Депорт”-и панҷсолаи 18 ҳазор муҳоҷир аз Маскав дар соли гузашта
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2025
Аз Давлатманд Холу Раҳматилло Зоиров то Мирзо Шукурзодаву Низорамо Зарифова. Киҳо дар соли 2024 моро тарк карданд?
RSF: Соли гузашта “Толибон” 12 расонаро комилан баста, 25 рӯзноманигорро боздошт кардаанд
“Саркӯбшудаҳо сафед шаванд”. Дар Қирғизистон қонуни офиятбахшии таъқибу саркӯбшудагони замони шӯравӣ қабул шуд
Аз Хоруғ то Малдив. Хатсайрҳои ҳавоие, ки дар Тоҷикистон соли 2024 боз шуданд
Аз моҳи июн дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадии Русия сурат ва изи ангушти муҳоҷиронро мегиранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста